7.9 C
Dushanbe

Дурӯғҳои намояндагони Тоҷикистон дар нишасти СММ

Намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 20-21-уми апрели соли ҷорӣ дар назди Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаи таъмини баробари мардум ва маҳви табъизи нажодӣ дар Тоҷикистон гузориш доданд.

Гуфта мешавад, меҳвари баҳси ин нишаст дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи таъмини баробари мардум ва маҳви табъизи нажодӣ дар чанд соли ахир буд.

Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири адлия Музаффар Ашуриён, муовини вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшоҳзода (Бузмаков), Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода, вазири меҳнат Ҳасанзода Гулнора, Зариф Ализода ва ғайраҳо намояндагӣ карданд.  

Дар гузорише, ки ҳукумати Тоҷикистон қаблан ба СММ пешниҳод карда буд, гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир “дар Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии мардум новобаста аз ҷинс, нажод, миллату қавм ва дину мазҳаб фароҳам шудааст ва ҳама дар назди қонун баробаранд.” Аммо, ба гуфтаи коршиносон, ҳолати имрӯзаи кишвар баёнгари акси ин иддаои ҳукумат буда, ҳуқуқи инсон риоят намешавад. 

Инчунин дар гузориши чаҳордаҳсаҳифагии ҳукумати Тоҷикистон ҳеч ишорае дар бораи мардуми Бадахшон нашудааст.

Гуфта мешавад, дар ин иҷлосияи СММ вазъи помириҳо мавзӯи асосӣ буд ва нозирони ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи воқеаҳои охири ВМКБ ва дигар масъалаҳо тавзеҳ хостанд.

Коршиноси СММ хонум Ал-Миснад аз намояндагони Тоҷикистон пурсид, ки чаро дар бораи вазъи помириҳо чизе намегӯянд? Ӯ ҳамчунин аз онҳо дар барои тадобири ҳукумат дар мавриди ҳимояти помириҳо аз табъизи миллӣ низ пурсид, ки то ҷое ҷавобҳо қонеъкунанда набуданд.

Инчунин ӯ гуфт, ки гузоришҳо нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон озодии дин ва эътиқод, ба вежа нисбат ба бархе аз гурӯҳҳои мусалмониро шадидан маҳдуд мекунад.

Хонум Ал-Миснад дар бораи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пурсид ва гуфт, ки бо СММ танҳо 2-3 намоянда аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон суҳбат доштанд, ки онҳо ҳам дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд ва аз намояндагони Тоҷикистон хост, ки дар бораи барҳамдиҳии созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар солҳои 2022 ва 2023 маълумот пешниҳод кунад.  

Инчунин коршиносони дигари СММ аз намояндагони Тоҷикистон дар бораи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолон, ки аксари онҳо зиндонӣ ва кушта шудаанд, пурсиданд. Гюн Кут, узви Кумитаи маҳви табъизи нажодии СММ гуфт, ки хушунат аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат гирифтааст ва аз намояндагони Тоҷикистон пурсид, ки оё ҷинояткорон тафтиш шуда, нисбаташон ягон ҳукм содир шудааст?

Вазири адлия Музаффар Ашуриён, ки раҳбари ҳайати Тоҷикистон буд изҳор дошт, ки ҳукумат ақалияти миллиеро бо номи “помирӣ” намешиносанд. Ба иддаои ӯ, ҳамаи тадқиқоти илмӣ бар он далолат мекунанд, ки сокинони Бадахшон худро ақалият намеҳисобанд.

Музаффар Ашуриён таъкид кард, ки помириҳо “тоҷикони асил ҳастанд ва ин ҷойи баҳс нест”. 

Рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ки ҳукумат талош дорад, дар Тоҷикистон дигар помирӣ намонад. “Бо ин вазир сиёсати саркубгаронаи ҳукуматро алайҳи помириҳо исбот кард. Дигар ҷои баҳс намонд, ки ҳукумат талош мекунад, помирӣ намонад. Ин дар ҳолест, ки аксари мардуми Бадахшон худро помирӣ меҳисобанд ва бо ин ном онҳоро дар Тоҷикистон мешиносанд”., менависад Рустмаи Ҷонӣ.

Дар идома ӯ қайд мекунад, ки “Ба ин чиз тадқиқоти зиёде ва гузоришҳои созмонҳои байналмиллалӣ далолат мекунад. Аз ҳама далели қавӣ дар баробари идаъои ҳукумат ин буд, ки кулли коршиносони СММ дар гуфтори худ дар бораи помириҳо, чун дар бораи миллати алоҳида сӯҳбат мекарданд”.

Генерал Абдураҳмон Аламшоҳзода низ дар ин нишаст зимни суханронияш аз “гуруҳҳои ҷиноятӣ” дар Бадахшон ва аз ҷониби “созмонҳои мамнӯи дар хориҷбуда” маблағгузорӣ шуданашон гуфт. Ба иддао ӯ, раҳбарони ин гурӯҳҳо бо ҳаракатҳои созмонҳои террористе, ки дар Афғонистон вуҷуд доранд, аз ҷумла “Ал Қоида”, “Ансоруллоҳ”, “ДИИШ” ва ғайраҳо дар тамос буда, ҷиноятҳои зиёде содир карда, даст ба тазоҳурот задаанд. 

Аламшоҳзода гуфт, ки мақомот танҳо бо ҳадафи “ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон”, боздошти “танҳо раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ” ва “мусодираи силоҳу маводҳои нашъаовар”  даст ба амалиёти низомӣ зад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ягон сокини оддӣ зарар надидааст. Инчунин нафароне, ки бо хоҳиши худ таслим шуданд, ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Аммо хабару гузоришҳо ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафар дар Бадахшон акси гуфтаҳои Аламшоҳзодаро нишон медиҳад. 

Аламшоҳзода дар охир “Комиссияи 44”-ро, ки бо пешниҳоди ҳукумат барои муколама ва бурдани тафтиши қатли Гулбиддин Зиёбеков таъсис ёфта буд, гурӯҳи терористӣ эълон кард. Инчунин ӯ Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Эргашев ва дигаронро гуноҳкор дониста, афзуд, ки “барои ҷияноятҳояшон” зиндонӣ шудаанд. 

Дар ҳоле Бузмаков фаъолони помириро ҷинояткор меномад, ки созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ онҳоро бегуноҳ медонад ва озодиашонро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд. 

Инчунин дар ин нишаст намояндагони дигари Тоҷикистон ба суолҳои коршиносон посух доданд. Аммо аксари посухҳо коршиносони СММ-ро қонеъ накард. 

Аз ҷумла, хонум Ал-Миснад, коршиноси СММ гуфт, ки намояндагони Тоҷикистон ба пурсишҳои ӯ посухи дақиқ надоданд, балки маълумоти умумӣ пешниҳод кард. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.