14.9 C
Dushanbe

Дурӯғҳои ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021

Хонандаи азиз, дар ин матлаб мо чанде аз дурӯғҳои шохдори мақомҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла Раисҷумҳурро баррасӣ мекунем, ки давоми сол мардумро бо чӣ суханҳои фиребандае ба хотири пиёда кардани хостаҳои худ гӯл заданд. Инак бо мо бошед то дурӯғҳои шохдори соли 2021-ро баршуморем:

Якум: Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози имсол, рӯзи 26 январ ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси олӣ эълом кард, ки дар кишвар коронавирусро шикаст доданд. Агарчи даҳҳо нафар аз атбои ин кишвар, ба шумули шахсиятҳои саршинос бар асари ин беморӣ даргузаштанд ва аъзои ҳукумати Раҳмон ба ин беморӣ гирифтор шуданд, баъди эълони дурӯғини шикасти он касе аз мавҷудияти коронавирус сухан намекард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо моҳи июн ночор шуд, ки бигӯяд, бале,  коронавирус вуҷуд дорад ва бар асари он 2 нафар даргузашт. Аммо то эълони вазир ҳама медонист, ки коронавирус вуҷуд дорад ва ҷони чандин инсонро гирифта буд. Аз ҷумла аз наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон, модарарӯси вай Узбекбӣ ва хоҳараш Қурбонбӣ пасу пеш ба маҳзи коронавирус аз олам чашм пӯшиданд. Шамсулло Соҳибови домодаш, Фахриддин Сафаров, писари Қурбонбӣ, ҷияни Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент-духтари Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон ва боз чанде дигар аз мансабдорони ҳукумати вай тавонистанд, ки аз ин беморӣ шифо ёбанд.

Аммо ин танҳо дурӯғи Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш набуд.

Дуюм: Яке аз дурӯғҳои дигари вай 15% афзудани ҳаҷми нафақа барои бознишастаҳо буд, ки дертар маълум шуд, ба ин миқдор моҳонаи нафақахӯрон зиёд нашуда будааст. Аҷобати дигари ин «афзоиш» дар он буд, ки он дар моҳи сентябр, баъди 10 моҳи ироаи паём сурат мегирифт. Мунтаҳо мардум «бузак намур, баҳор мерасад» гуфта, мунтазир монданд то поиз.

Аммо маълум шуд, ки моҳиёнаи бе ин ҳам ночизи бознишастаҳо 15% зиёд неву ҳамагӣ 31 сомонӣ афзуда будааст. Яъне аз ҳисоби ҳадди ақали нафақа 15 дарсад афзуда будаасту халос. Вале ҳам худи вай ва ҳам мубаллиғону мутамаллиқи вай мардумро гӯл заданд, ки бар моҳонаи бознишастаҳо 15% афзуд.

Сеюм: Баъзе аз дурӯғҳои Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони ҳукумати вайро мешавад дурӯғҳои анъанавӣ хонд. Инҳо дурӯғҳоеанд, ки як соли пеш, якчанд соли пеш ва ё борҳову ҳамеша гуфта мешавад ва гуфта шудааст. Яъне ин дурӯғҳоро нагӯянд, намешавад. Гумонашон ин аст, ки мешавад бо ин дурӯғҳо ба сари мардум кулоҳ гузошт. Бар фарзи мисол Раҳмон ва нафароне, ки барои вай матн менависанд, суханрониҳои вайро омода мекунанд, талош мекунанд, ки бо бозӣ ба арқом ва омор халқро фиреб диҳанд. Масалан дар чанде аз суханрониҳояш ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии соли 2020-ро бо соли 2014 муқоиса кард. Хост бо ин қиёси номуносиб нишон бидиҳад, ки вай кор карда истодааст ва иқтисоди кишвар дар ҳоли пешравӣ мебошад. Аммо ин паҳлуи масъаларо, ки дар соли 2014 як доллар чоруним панҷ сомонӣ арзиш дошт, вале дар соли 2020 то ба 11 сомонӣ расидро ишора накард:

«Иқтисоди кишвар дар соли 2020-ум 4,5 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид». Ин буд омори ироадодаи Раҳмон. Аммо агар ҳамин 82.5 миллиард сомониро бо қурби соли 2014 муқоиса кунед беш аз нисф кам мешавад.

Ин дурӯғҳои анъанавиашро дар суханрониаш дар маросими таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзи 8 сентябр низ идома дод. Барои мисол буҷети 20 соли пеши ҳукуматро ба буҷети соли 2021 қиёс намуда, онро яке аз дастовардҳои иқтисодии ҳукуматаш донист.

Ӯ афзуд, “дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шуд.” Раҳмон ҳамчунин илова кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30 баробар рушд кардааст: “Ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид”.

Ин дар ҳолест, ки (мувофиқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон) соли 2001 қурби 1 доллар ба 2,2 сомонӣ баробар буд ва ҳоло арзиши 1 доллар баробар ба 11 сомониву 32 дирам аст.

Ҳам коршиносон ва ҳам мухолифони Раҳмон ин қиёсҳои вайро дур аз мантиқ хонда ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ-эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ мегӯяд «баракс,  иқтисоди кишвар дар муқоиса ба соли 2014-2015 ҳадди ақал 20-25 дарсад коҳиш ёфтааст».

Чорум: Яке аз дурӯғҳои дигари соли ҷорӣ, ки онро ҳам мешавад дар шумори дурӯғҳои анъанавӣ ва ё дурӯғҳои такрорӣ дохил кард, марбут аст ба масъалаи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ. Аз оғози моҳи октябр ба ин тараф ба аҳолӣ ва муассисаву корхонаҳои  деҳоти кишвар нерӯи барқ бо маҳдудият, соатбайъ дода мешавад. Лимити нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Аммо масъулони соҳа бо тамоми вуҷуд кӯшиш мекунанд, ки калимаи «лимит»-ро ба забон наоваранд. Соати 10-и шаб мекушанду 5-и саҳар дармегиронанд.

Дар ҳеҷ яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин соатҳо ҳеҷ кас кормандони Идораи барқро намебинад, ки барои мисол болои дарахт баромада бошанд, трансформатор таъмир карда бошанд, хатҳои баландшиддатро нав карда бошанд, аммо айнан чунин дурӯғро ба мардум мегӯянд, ки корҳои профилактикӣ идома дорад. Ҳамин ҳоло ҳам, бо гузашти 2 моҳ корҳои тармим ва таъмир идома дорад, мардум аз барқи доимӣ маҳрум аст, вале касе ҷуръат намекунад, ки бигӯяд лимит ҷорӣ шудааст. Чунки дурӯғгӯи асосӣ, дурӯғгӯи рақами яки Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи соли 2017 гуфта буд, ки дигар «лимит» дар Тоҷикистон барои ҳамеша бардошта ва «светмурӣ» ба афсона табдил дода шуд. Ҳамин тавр решаи ин дурӯғ ҳам ба худи Раҳмон мерасад.

Панҷум: Яке дигар аз дурӯғҳои дигари имсола, ки онро ҳам мешавад дар қатори дурӯғҳои анъанавии мақомоти Тоҷикистон ворид кард ба шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дахл дорад. Мақомоти Тоҷикистон ва пеш аз ҳама худи Эмомалӣ Раҳмон пайваста миқдори шаҳрвандони мардикори тоҷик дар ин кишварро кам нишон медиҳанд. Ёдатон бошад дар ду соли пеш дар як нишасти хабарӣ дар Маскав, вақте Раҳмон гуфт, ки 450.000 тоҷик дар Русия муҳоҷиранд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар худи ҳамон нишасти хабарӣ эълон кард, ки 1 миллиону 200 000 тоҷикистонӣ дар қаламрави кишвараш кору фаъолият доранд. Аммо тибқи омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, танҳо дар 10 моҳи имсол бештар аз 331 ҳазор шаҳрванди кишвар дар ҷустӯҷуи кор ба Русия рафтааст.

Аммо мусаллам аст, ки ин рақам воқеияти шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ифода намекунад. Ва,ин тарзи дурӯғ гуфтан офтобро бо доман пӯшониданро монад.Офтобро, ки бо доман пӯшонидан намешавад.Ҳеҷ кас ба ин омор бовар намекунад. Чунки ҳоло муҳоҷирон бо насли саввуми худ, падар, писар ва набера ва ҳатто бо модару хоҳарҳо рафта истодаанд. Мардум аз биҳишти Раҳмон ба кофаристони Путин гурехта истодаанд. Вақте дар ватан ҷойи корӣ бошад, чаро мардум мераванд ва чаро раиси ҷумҳуриашон аз раиси ҷумҳурии кишвари дигар талаби афв мекунад? Тибқи як таҳқиқот 57 % муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки дар Русия мемонанд. Шумораи муҳоҷирони кориро мақомоти тоҷик дар ҳоле ба маротиб кам нишон медиҳанд, ки ВКД Русия ахиран хабар дод, ки тайи 9 моҳи январ – сентябри соли 2021 дар мақомоти муҳоҷирати Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 шаҳрванди Тоҷикистон худро сабти ном кардаанд ва 1 миллиону 597 ҳазору 481 нафари онҳо дар санадҳояшон дар мақомоти муҳоҷирати Русия нишон додаанд, ки ба Русия маҳз ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.

Чуноне пештар ҳам гуфтем, вақте дурӯғгӯӣ такрор мешавад, он ба анъана ва одат бадал мешавад.

Шашум: Яке дигар аз дурӯғҳое, ки Раҳмон ҳамвора аз он истфода кардааст, таъсиси ҷойҳои кории нав аст. Раҳмон дар оғози имсол тазаккур дод, ки дар як соли пеш 190.000 ҷойи корӣ дар Тоҷикистон ташкил шудааст. Аммо аз ягон корхона ва коргоҳе ном набурд, ки барои мисол ба 2 ва 3 000 кас ҷойи корӣ фароҳам карда бошад. Пас, ин омор аз куҷо пайдо шудааст?

Раҳмон вақте ин ё он иншоот, масалан фурӯшгоҳеро ба кор медарорад ва бар тибқи гузориши ба дасташ расида мегӯяд, ки дар ин корхонаи дӯзандагӣ (масалан дар ноҳияи Рӯдакӣ) 3000 кас бо ҷойи кор таъмин шуд. Аммо баъди ҳамагӣ як ҳафта хабарнигорон мераванду мебинад, ки ҳатто ҳамон мошинаҳои дарздӯзӣ ҳам ғайб задаанд, чӣ расад ба ҷойҳои корӣ. Агар омору арқоми ироадодаи Раҳмон дар мавриди ҷойҳои кори ташкилшуда дар даврони роҳбарии ӯро ба ҳисоб гирем, он ҳатто аз шумораи аҳолии Тоҷикистон бештар мешавад.

Ҳафтум: Бахше аз дурӯғҳои мақомоти Тоҷикистон ба шумули Эмомалӣ Раҳмонро мешавад дурӯғҳое гуфт, ки онҳо ба берун нигаронида шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар ин кишвар инкор мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки нафароне, ки мавриди назари шумост, барои иртикоби ҷинояти мушаххас маҳкум шудаанд ва мо зиндонии сиёсӣ надорем.

Масалан дар як нишасте бо ширкати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи риояи ҳуқуқи инсон, ки рӯзи 4-уми ноябри соли ҷорӣ ба таври онлайн баргузор шуд, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Мирзоамон Рофизода, муовини додситони кулли Тоҷикистон боз ҳам аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ мункир шуданд. Аммо СММ на танҳо имсол, чанд соли пеш ҳам шуморе аз зиндониҳои тоҷик, ба шумули аъзои Раёсати олии ҲНИТ-ро зиндониҳои сиёсӣ эътироф кардааст.

Ҳаштум: Дурӯғе дигари мақомоти тоҷик, ки имсол бӯи он дунёро пахш кард, ба қабули гурезаҳои Афғонистон марбут аст. Мешавад гуфт, ки ин дурӯғ низ ба берунаҳо нигаронида шуда аст. Дар оғози касби қудрат аз тарафи Толибон ва ба чаҳор самти олам фирор кардани атбои ин кишвар Тоҷикистон эълон кард, ки омодаи қабули 100.000 паноҳҷӯи Афғонистон аст. Хабаргузориҳо аз қавли Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон навиштанд, ки «айни ҳол қабули 100 ҳазор паноҳандаи афғон ба нақша гирифта шудааст». Аммо на танҳо гурезаҳои афғонро Тоҷикистон ҳатто дар миқдори даҳяки ин гуфтааш напазируфт, балки садҳо тан аз шаҳрвандон гурезаи ин кишварро ба иҷбор аз Тоҷикистон хориҷ кард ва бархеашонро ҳатто имкон надод, ки ворид шаванд.

Намоянаи Кумиссари олии умури паноҳандаҳои СММ дар Тоҷикистон гуфт, ки теъдоди гурезаҳои Афғонистон 12.000 аст, ки аз ин ҳамагӣ чизе бештар аз 5000-ро баъди Толибон қабул кардааст. Тоҷикон дар ин мавридҳо як мақоли хубро истифода мекунанд. «Луқмаро калон газу гапро калон назан». Аз аввал маълум буд, ки Тоҷикистон имконияти ҷо додан ба 100.00 афғонро надорад. Аммо Раҳмон мехост бо ин дурӯғ аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, ки барои қабули гурезаҳи афғон ба кишварҳои ҳамҷавори он садҳо миллион доллар ҷудо карда буданд, пул канад. Вале дар ин миён Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки «имкони якҷо бо гурезаҳо ворид шудани террористҳо аз Афғонистон вуҷуд дорад» ӯро ба шиддат нигарон кард ва ба зери қавлаш зад ва як бори дигар дурӯғгӯии худро нишон дод.

Дурӯғ ва дурӯғгӯӣ, бахусус дар миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бештар паҳн шудааст. Мешавад, ки даҳҳо намуна аз дурӯғгӯиву дурӯғкориҳои онҳо дар инҷо зикр кард. Масалан дар ҳамин «Қазияи Мадина», ки хостанд гунаҳкоронро бардурӯғ бегуноҳ нишон диҳанд.

Аммо ҳодисаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи Бадахшон ва дар пайи он чаҳоршабонарӯз даст ба гирдиҳамоӣ задании сокинони ин вилоят ва тафсиру таъвили он аз тарафи масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот нишон дод, ки онҷо чи қадар аз дурӯғ зиёд истифода мекунанд. Онҳо ваъда карданд, ки шумо аз гирдиҳамоӣ даст кашед, мо ҳодисаи куштори Гулбиддин ва ду нафари дигарро мунсифона таҳқиқ ва тафтиш мекунем, интернетро фаъол месозем ва касе вобаста ба ҳаводиси ахир ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Аммо ҳоло худи Раҳмон дастур дод, ки ҳодиса тафтиш, парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва гунаҳкорон муҷозот карда шаванд. Аммо то ба ҳоло Интернет дар навоҳии ВМКБ барқарор карда нашудааст.

Ба ин тартиб як бори дигар дурӯғ гуфтанд. Солро бо дурӯғ оғоз карда буданд, бо дурӯғ ба анҷом расонанд.

Хонандагони азиз, ин буд чанд дурӯғҳои сол, ки аз оғоз то имрӯз аз забони мақомоти кишвар, ба хусус раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шунидем, ки ҳатто ба аксари ин дурӯғҳо кӯдакон ҳам бовар намекунанд, вале мақомоти кишвари мо мардумро бо чунин роҳҳо 30 сол боз гул зада мегарданд.

Сорбон Азимӣ, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.