Боздошти муҳосиби мактаб бо иттиҳоми дуздии наздики 1 млн сомонӣ

Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти муҳосиби мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯллоб хабар дод, ки ӯ дар дуздии наздики 1 млн сомонии буҷаи давлатӣ айбдор мешавад.

Ожонсӣ зидди фасоди молиявии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки “Холиқов Абдуҷабор Абдухолиқович дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии музди меҳнати кормандон маълумотҳои таҳрифшударо ворид намуда, бо ин амалаш маблағи умумии 892 947,05 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.”

Ба гуфтаи манбаъ, нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ он ба додгоҳ ирсол шуд.

Он моддаҳои КҶТ, ки Холиқов бо онҳо гунаҳкор дониста мешавад, маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол пешбинӣ мекунанд.

Аммо назари худи гумонбар ва ё наздикони ӯ дар мавриди иттиҳоми эълоншуда дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...