26.9 C
Dushanbe

Эҳ “светкушӣ” боз сар шуд

Сурат: Азия-Плюс

Солҳои мактабхониам дар ш.Ваҳдат гоҳо дар зимистонҳои хунук моҳҳо барқ надоштем. Хонаамон дар бинои чорошёна, дар маркази шаҳр вокеъ буд. Агар барқ намешуд дигар об ҳам қатъ мегашт. Барои шустани ташноб аз ҷӯйи назди бино об меовардем. Аммо барои оби нӯшиданӣ аз як километр дуртар дар зарфҳои плостикии рангашон зард, ки махсуси нигаҳдории равғананд онҳоро хуб шуста будему барои обкашонӣ истифода мебурдем. 5 ё 10 литр ғунчоиш доштанд.

Чун хонаҳо бетонӣ буд сахт сард буданд ва баъди танишҳо бо Узбекистон газ ҳам қатъ гашт.

Боре ҳаво бисёр сард шуду барқро тамоман тӯли моҳ қатъ карданд. Барои гарм шудан чанд курпаро рӯйҳам пӯшида, тамоми оила дар як ҳуҷра хоб мекардем. Асбоби газиро, ки барои хӯрок пухтан дар ошхона буду бо гази мойеъи харида пур мекардем, ба ҳуҷраи хоб кӯчондем то камеҳам бошад гармӣ диҳад ва хӯрок ҳам хамонҷо омода мешуд. Вақте сармо ғолиб меояд дигар бӯи хӯрок, ки одатан нороҳаткунунда аст, эҳсос намешавад.

Ҳамин тавр, баъд аз гузашти чанд вақте ба муддати ду соат барқ доданд. Ҳама бачаҳои кӯча, ки барфбозӣ мекардем, барои гармшудан додзанон ба хонаҳо шитофтем. Дигар намедонистем аз рӯшноӣ ҳаловат барем, обро захира кунем, ё телевизиюн тамошо кунем. Хулас, хело тез обро дар зарфҳо гирифтему ба сӯи телевизиюн давидем. Мехостем чизе аз ТВ бубинем, аммо дар ҳама шабакаҳо Президентро нишон медоданд.

Баъдан маълум шуд, ки барқро ба ҳамин хотир додаанд. Аз ночорӣ дигар ба истилоҳ суханҳои “ҳакимонаи” он вақтҳо танҳо ҷаноби олиро гӯш додем. Баъди тамом шудани суханронияш, ки одат дорад хело тӯлонӣ суҳбат кунад, дар роҳравҳои толор ҳозирин саф кашида, чи тавсифҳое аз Раҳмон накарданд. Чизе, ки дар хотирам мондааст он буд, ки яке гуфт: “Бо шарофати ин марди бузург мо имрӯз ин ҳама ободихову гулгушукофониҳоро мебинем. Ва баътар аз чойҳои оро додаи пойтахт ва роҳҳои равшан саҳнаҳо намоиш доданд. Он замон Эмомалӣ Шариповичро дар кадом роҳрави зебо ва кадом қасри дилнишин намоиш дода мегуфтанд: шукрона кунед!

Бароям аҷиб буд, ки ин мард агар инқадар бузург асту давлат пешрафта, чаро мо барқ надорем? (Рафиқам писари кадом мансабдоре буд, албатта ин суолро намедод чун аз беморхона то хонаашон ноқили барқ кашида буданд ва барқашон ба қавле “фаровон” буд. У танҳо об мекашонд.) Аммо ман ин суолро аз худам мепурсидам. Ҳатто худамро дар он филми тасвирии “Шрек” ҳис кардам, ки шоҳи золим аз касри зебо баромад мекарду мегуфт: бубинед чӣ гуна зебо зиндагӣ дорем. Мардуми бечора аз таҳхонаҳову шахтаҳо баромада ӯро дар телевизиюн дида, ангушт мегазиданд. Аммо зиндагии зеборо танҳо шоҳ дошт.

10 сол гузашту ҳоло зиёд тағйир накардааст, ҷуз ному титулҳои Эмомалӣ Шарипович. Чаро ин марди “бузург” кишвардор асту мо на барқ дорему на газ? Он солҳо ин суолро аз худам мепурсидам. Акнун бошад дар зеҳнам ин суол ҳаст, ки агар вақти сухнаронии Эмомалӣ Шарипович имкони таъмини аҳолӣ ба барқ буд, пас ин имкон ҳамеша буду он барқро кӣ ва чаро намедоданд? Чаааарооо?

Инро соле пеш навишта будаму фикр намекардам, ки ин мушкили имсол ҳам идома биёбад. Аммо афсус, ки ҳанӯз ҳам мардум заҷри бебарқӣ мекашанд. Пас аз гузаштани 10 сол ҳанӯз ҳам мактаббачагон ҳамон мушкилиҳоере паси сар мекунанд, ки насли ман 10 сол пеш доштаву ва “пешвои муаззам” ҳадди ақал муваффақ нашуда дар 28 сол ҳамин мушкилии барқро бартараф кунад.

Муҳаммадшарифи Абдулло

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.