36.9 C
Dushanbe

Эҳзори сафири Амрико ба ВКХ-и Русия дар пайи таҳримҳои Вашингтон алайҳи Маскав

Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз эҳзори сафири Амрико дар пайи таҳримҳои тозаи Вашингтон алайҳи Маскав хабар дод.

Бино ба гузориши хабаргузории “Спутник” Вазорати корҳои хориҷаи Русия дирӯз панҷшанбе сафири Амрикоро дар Маскав эҳзор кард.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфта, ки пас аз эълони таҳримҳои тозаи Вашингтон алайҳи Маскав сафири амрико ба Вазорати хориҷаи Русия фарохонда шудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷа гуфт, “ин гуфтугӯ барои тарафи Амрикоӣ гуфтугӯи сахте хоҳад буд”.

Ӯ афзуд, ки посух ба таҳримҳо иҷтинобнопазир ва Вашингтон бояд бидонад, ки тахриби равобити дуҷониба ҳазина хоҳад дошт. Ба гуфтаи вай, масъулияти он чи иттифоқ меафтад комилан бар уҳдаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Бояд гуфт, вокунши Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи панҷшанбе Кохи Сафед аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алаҳи Русия хабар дода буд. Ин таҳримҳо 32 шахс ва баъзе ниҳодҳои Русияро дар бар мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.