Барои бори аввал аст, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз мулоқоту барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон маълумот нашр мекунанд.
Рӯзи чоршанбе, 11-уми феврал Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон бо нашри иттилоияе навишт, ки “Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.”
Аммо, торихи мулоқотҳо зикр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик раисҷумҳур бо президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошербаев дидор кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон тай беш аз ду ҳафта аст, дар расонаҳо дида намешавад, дар ҳоле ки қаблан ӯ ҳатто барои ифтиҳоҳи мағозаву роҳҳои оддӣ ҳам дар расонаҳо пайдо мешуд. Ва аз ӯ дар расонаҳои давлатӣ ба шиддат таърифу тамҷид мешуд. Ин ғайбати ӯ дар шабакаҳои тоҷикӣ бозтоби васеъ ёфта, ҳатто расонаҳои хориҷӣ ҳам онро пӯшиш доданд.
Нопадид шудани Эмомалӣ Раҳмон баҳсу гумонҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, ки раисҷумҳур ё бемор аст ва ё ҳодисае ба сараш омадаву мақомот онро эълон намекунанд.
Чунин ҳолатҳо қаблан ҳам сурат гирифта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд муддате аз расонаҳои давлатӣ ва маҷлисҳои ҳукуматӣ ғайб мезад. Борҳо дар бораи вафот ё беморияш овозаҳо нашр мегашт, аммо пас аз нашри овозаҳо, боз дар расонаҳо пайдо мешуд.
Вале ин бор, бахусус пас аз оне, ки мақомот насиҳатҳои васиятгунаи Эмомалӣ Раҳмонро нашр карданд, ки ӯ дар он наворҳо ба ҷавонону кӯдакон ва шаҳрвнадони кишвар хитоб намуда, аз худ ситоиш мекунад, ки умрашро барои ободии давлати Тоҷикистон бахшидааст, баҳсҳоро бештар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи Раидио Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои табобат ба Чин сафар кардааст. Аммо мақомоти давлатӣ дар ин бора чизе намегӯянд.
Ба назари коршиносон, матлабе, ки Дастгоҳи Президент дар бораи мулоқотҳо ва барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, дар асл як посухест ба мавҷи овозаҳо, ки ҳамаро пур кардааст. Ва мехоҳанд ба ин тариқ ба мардум бирасонанд, ки ӯ саломат асту барномаҳояш ҳам мисли қаблӣ.
