16.9 C
Dushanbe

Эълони мукофотҳо барои иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ

Дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024 дар шаҳри Парижи Фаронса 14 нафар аз Тоҷикистон иштирок мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эълон кардаанд, ки барои ҳар як нафар аз медаловарони бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса то 300 ҳазор сомонӣ ва як хона дар биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе тақдим карда мешавад.

Ба ин тартиб барои шахсоне, ки дар ин бозиҳо ғолиб омада, медали тило ба Тоҷикистон меоранд, 300 ҳазор сомонӣ ва як хонаи сеҳуҷрагӣ, барои касоне, ки соҳиби медали нуқра мешаванд, 250 ҳазор сомонӣ ва як хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои онҳое, ки сазовори ҷои сеюм шуда, соҳиби медали биринҷӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ ва як хонаи якҳуҷрагӣ тақдим карда мешавад.

Имсол дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Париж Темур Раҳимов, варзишгари шинохтаи кишвар парчамбардори ҳайъати варзишгарони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ин ҳайъат аз 14 нафар иборат буда, 6 нафар ҷудокор, 3 муштзан, 2 шиновар, ва боқӣ 1 нафар дар риштаи теквондо, 1 нафар гӯштии озод ва 1 каси дигар щам дар риштаи давидан бо ҳамтоёни худ рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба муддати 2 ҳафта, аз 26-уми июл то 11-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо 10 ҳазору 500 нафар варзишкор аз 206 кишвари дунё ширкат кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналдо 900-умин голи торихиашро зад

Мунтахаби Португалия дар даври 1-уми Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25 дар майдони худ бар тими Хорватия бар ҳисоби 2.1 пирӯз шуд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия 50% афзоиш ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия 6-уми сентябри соли ҷорӣ зимни интишори гузорише аз афзоиши 50 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон хабар дод.

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби "France Football" барои дарёти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, "Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?"