21.9 C
Dushanbe

Эълони “оташбас” поёни ҷанг не, оғози омодагиҳои баъдист

Хабару гузоришҳои ахир аз Тоҷикистон ва Қирғизистон гувоҳи онанд, ки тарафҳо ҳанӯз ҳам ба ин қаноат нарасидаанд, ки ҷангро хотима диҳанд.

Асри рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи “Равод”- Ӯзбекистон сари мизи музокирот нишаста, оташбас эълон карданд, аммо ба назар мерасад ин кор ҳанӯз поёни ҷанг нест, балки оғози омодагиҳои ҷадид барои набардҳои оянда аст.

Мулоқоти имрӯз дар Самарқанд. Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

Аз як сӯ, сарони

Баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ аз ҷониби иддае аз сокинони ин кишвар дар маркази вилояти Боткен ва шаҳри Бишкек масъулони онро водор карда, ки замони оғози музокиротро ба таъхир гузоранд. Инчунин яке дигар аз иллатҳои аз нав оғоз гардидани низоъҳои мусаллаҳона дар марзҳои муштарак низ ба эҳтимол, фишор ва таъну маломати сокинони кишвари ҳамсоя будааст.

Бо ин вуҷуд, хабару гузоришҳои ахир дар бораи шиддат гирифтани даргириҳо ва афзоиш ёфтани тирборон дар ҳудуди марзҳо гувоҳи он аст, ки оташбаси эълоншуда, на барои поёни ҷанг сурат гирифтааст, балки ба хотири оғози омодагиҳо ва таҳкими қувваҳои мусаллаҳ будааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.