Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки фишор болои пайвандони мухолифонро фавран бас кунад.
Дар изҳороти ин кумита, ки рӯзи 25-уми октябр нашр шудааст, гуфта мешавад, ду ҳафта боз баъзе аз пайвандони фаъолони дар хориҷбуда дастрасӣ ба нерӯи барқ надоранд.
Дабири кулли Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ Берит Линдеман мегӯяд, ки “Вақте мақомоти Тоҷикистон пайвандони мунтақидонро бе муҳокима ҷазо медиҳанд, натанҳо муҷозоти дастҷамъиро таҷриба мекунанд ва волоияти қонунро зери по менамоянд, балки ба озодиҳои бунёдӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо низ таҳдид доранд”.
Хонум Линдеман аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки ҳамагуна фишор болои пайвандону наздикони мухолифонро фавран бас кунанд ва аз шарикони демократии Тоҷикистон ҳам хостааст, Душанберо барои чунин рафтораш ба ҷавобгарӣ кашанд.
Гуфта мешавад, 11-уми октбяри соли ҷорӣ, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карда буданд.
Ойишамо Абдуллоева, ки бемории қанд дорад гуфта буд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ гуфтаанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст“.
Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтааст, ки рӯзи 20-уми октябр кормандони КДАМ ба хонаи бародараш дар Тоҷикистон рафта, ба аҳли хонаводаашон гуфтаанд, фаъолияти писаронашонро, ки дар Федератсияи Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд, дар интернет назорат мекунанд.
Инчунин рӯзи 12-уми октябр Ойиша Мирзоева, модарандари раиси “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ҳам гуфта буд, мақомот сими барқи хонаашро буридаанд.
Сардори Шуъбаи барқи ноҳия сабаби буридани барқи хонаи Мирзоеваро ба фармони боло рабт дода, гуфтанд, ки “агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун”.
Рӯзи дигар, яъне 13-уми октябр, кормандони идораи барқ ва маъмурони интизомӣ ба манзили модари Фарҳод Одинаев дар рустои Турдибобои Ҳисор рафта, барқ ва оби ошомидании манзилашро қатъ кардаанд. Модари Одинаев, ки дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва барқ надошт, пас аз чанд рӯз аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рафтааст.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ашти Тоҷикистон мақомот интиқоли барқ ба манзилҳои се амаки Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупоро қатъ карданд. Ҳар се амаки ин фаъоли тоҷик дар авоили моҳи октябри соли ҷорӣ боздошт ва танҳо пас аз сабти наворҳои маҳкумияти Ёқубов озод шуданд.
Дар суҳбат бо Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия фаъолони тоҷик гуфтаанд, ки теъдоди зиёди хонаводаҳои мухолифони тоҷик аз қатъи ҳадафмандонаи нерӯи барқ осеб дидаанд, вале бештари онҳо аз тарси интиқоми минбаъдаи мақомот, аз гуфтани ин мушкилот худдорӣ кардаанд.
То ҳол мақомот расман сабаби буридани сими барқи хонаи наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.
Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, ин ҳама фишорҳо болои пайвандони мухолифон посухи мақомот ба эътирози онҳо ва бо тухм задани мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин аст.
Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.
Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд. Гуфта мешавад, бузургтарин нафар аз боздоштшудаҳо пирамарди 81-сола ва хурдатаринаш ҳамагӣ якунимсола буд.