13.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ бародари домодашро вазифаи нав дод

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо як қарор бародари домодаш Зайнулло Шарифзодаро Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” таъйин кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, ин қарор рӯзи 2-уми майи соли ҷорӣ содир шудааст.

Гуфта мешавад, Зайнулло як соли охир дар мақоми мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон ва дар гузашта ба ҳайси раиси корхонаи “Сементи тоҷик” кор мекард.

Ӯ инчунин раиси бошгоҳи футболи “Вахш” ва раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон мебошад.

Зайнулло аз хонаводаи пурнуфузи Соҳибовҳо мебошад, ки тиҷоратҳои бузурги кишварро дар ихтиёр доранд. Амакаш Маҳмадзоир Соҳибов бо Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон ва бародараш Шамсулло Соҳибов, молики “Фароз” бо духтари панҷумими раисҷумҳур Рухшона Раҳмонова, ки сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад, издивоҷ кардаанд.

Ҳамакнун собиқ Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва муовинонаш пас аз санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон бо фармони раисҷумҳур аз вазифаҳояшон шудаанд.

Гуфта мешавад, Абдуллозода аз январи соли 2016 дар ин мақом кор мекард ва бори охир номи ӯ дар моҳи декабри соли 2022 пас аз занозании писараш Наврӯз Абдуллоев дар тарабхонаи “ОК”, ки боиси ҷароҳат бардоштани 8 нафар гашт, расонаӣ шуда буд.

Ҳоло маълум нест, ки сарнавишти баъдии Исматулло Абдуллозода ва муовинони барканоршудааш чӣ мешавад ва нисбаташон барои “камбудиҳои ҷиддӣ” парвандан боз хоҳад шуд ё на.

Ҳамзамон имрӯз дар баробари ин қарорҳо Эмомалӣ Раҳмон чанд ҷойивазкунии дигарро ҳам миёни мақомдорон гузарондааст. Аз ҷумла, ҷиянаш Раҳмон Исломиддинро, ки то ин дам сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар буд, аз вазифа озод ва ба ҷои Темурҷон Абдулваҳобзода, ки чанде пештар вафот кард, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) ва ба ҷойи ҷиянаш Ҳайдаралӣ Раҷабзодаро роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин кардааст.

Инчунин бо як фармони президент Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сабаби ба нафақа баромадан пас аз як соли фаъолият аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод гардидааст.

Дар ду рӯзи охир дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳои зиёд сурат гирифтааст.

Тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал ва шинос ва наздик будан ба хонавода аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бетартибӣ дар мактабҳо муд шудааст?

Навори бо тухм задани як талабаи мактаб дар ноҳияи Шаҳринав боиси вокунишҳои тунди корбарон шуд.

Лағви Конфронси Байналмилалии занони рӯзноманигор дар Душанбе

Конфронси Байналмилалии занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе...

Имсол ҳам Тоҷикистон кишвари саркӯбгари расонаҳо баҳо дода шуд

Тоҷикистон дар радабандии нави Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар байни кишварҳои саркӯбгари расонаҳо қарор гирифт.

Мухолифи тоҷик аз Аврупо ба Кобул сафар кард

Роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт.