27.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон аз худ ситоиш кард

Президенти Тоҷикистон дар суханронии имрӯзии худ аз худаш ситоишу аз мухолифонаш интиқод кард.

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар чорабинии бахшида ба қабули Конститутсия иштирок ва сухнаронӣ кард.

Президенти Тоҷикистон дар рафти сухнаронии тӯлонии худ камаш 77 бор номи Конститутсияро ба забон оварда, аз корномаҳои 32-солаи худ ситоиш карда, ба навъе Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҳам ба номи худаш сабт карда гуфт: “Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.”

Эмомалӣ Раҳмон дар интиқод аз раҳбарони пешини Тоҷикистон, ки ба гуфтаи вай дар муддати як сол ду президент ва 5 ҳукуматро иваз карданд, гуфт, “дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд.”

Ба эътирофи худи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон то пеш аз сари қудрат омадани вай низ Конститутсияи худашро дошт, вале чун бархе моддаҳо ва бандҳои он ба нафъи ӯ ва идомаи раҳбариаш набуданд, соли 1994 аз нав бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ин Конститутсияи кишвар қабул шуд.

Инчунин бо гузашти солҳо ҳар вақе ҳам эҳсос кард, ки бархе моддаҳо ва ё бандҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба нафъи вай нестанд, онро тағйир медиҳад. Барои мисол дар солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум ҳам “тавассути раъйпурсии умумихалқӣ” дар чанд банди қонунҳои асосӣ тағйиру иловаҳо ворид кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...