33.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба дидори фарзандони кушташудаҳо рафт

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба дидори ятимон рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 17-уми августи соли 2023, “Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” дар шаҳри Хоруғ мулоқот кардааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои расмӣ дар бораи ҳувияти ин 100 нафар ятим ва кӯдакону наврасони маъюб чизе нагуфтаанд, вале бархе манобеи Azda.tv аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар байни онҳо бархе фарзандони озодихоҳоне, ки пас аз тазоҳуротҳои мусолиматомез дар солҳои 2021-2022 кушта шуда буданд, низ вуҷуд дорад.

Ба қавли Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар вақти мулоқот “Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят сӯҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло” ва ғайра “ҳидоят намудааст.”

Аммо дар вокуниш ба ин кори Эмомалӣ Раҳмон фаъоли сиёсии тоҷик Салим Султонзода ин рафторҳои ӯро “ҳидоят” не, балки як навъе аз “мағзшӯӣ”-ҳои маъмул дар низомҳои худкома дониста, меафзояд: “Сталин ҳам мекушту баъд дар ятимхонаҳо кӯдаконро мағзшӯии мекард.”

Гуфта мешавад, дар тазоҳурти мусолиматомези Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки тайи солҳои 2021 ва 2022 дар шаҳри Хоруғ ва Вамар, маркази ноҳияи Рушон баргузор гардида буд, бо фамони Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 70 нафар кушта ва беш аз 100 каси дигар маҷруҳ ва даҳҳо тани онҳо барои ҳамеша маъюб гардида буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.