23.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон метавонад истеҳсоли асалро афзоиш диҳад

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон рафтааст, дар суханронияш гуфт, ки Тоҷикистон метавонад истеҳсоли асалро дар як сол ба 14 ҳазор тонна бирасонад.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи рӯзи 20-уми июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои иштирок ва суханронӣ кардан дар семинар-машварати занбуриасалпарварӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон рафт.

Президенти Тоҷикистон гуфт, “мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии кишвар (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар кишвар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафари худ ба ноҳияи Ховалинг бар иловаи иштирок ва суханронӣ кардан дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ ба намоиши асал, ҶДММ “Оби Ховалинг”, Ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг, Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим” ва ғайра низ рафта бо кори онҳо шинос шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, то 1-уми июни соли 2023 “дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 263 ҳазору 703 оилаи занбӯри асал, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон 8 ҳазору 392 оила, дар вилояти Суғд 79 ҳазору 828 оила, дар вилояти Хатлон 64 ҳазору 66 оила ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 111 ҳазору 417 оила парвариш меёбад” ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.