Эмомалӣ Раҳмон чанд қонуни наверо ба имзо расонд

Cурат: Хадамоти матбуоти Президент

Имрӯз 17 декабри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери чанд қонуне имзо гузошт. Қонунҳои ба имзорасида иборатанд аз: “қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, иловаҳои воридшуда ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бо мақсади барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ содир карда мешаванд, равона шудааст.

Гуфта мешавад, қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, такмили низоми андоз, аудити дохилӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар маҷмӯъ барои таҳкими қонуният ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо пас аз муҳокимаи вакилони Парлумон барои имзо ба Президент тақдим мешаванд, пас аз имзои раисҷумҳур қонунҳо ба ҳукми иҷро медароянд.

Ин тайғирот чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Намояндагони Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз он ҷонибдорӣ намудаанд.

Замони тарҳи Қонуноҳои ҷазо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Музаффар Ашуриён вазири адлияи Тоҷикистон дар Парлумон ибороз дошта буд, ки тағйироту иловаҳо бо мақсади башардӯстона гардидани қонунҳои кишвар қабул карда мешаванд. Ашуриён дар идома гуфт:

“дар тағйироту иловаҳо ҷорӣ гардидани ҷазои маъмурӣ ба амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, низоъи миллӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудаанд, пешбинӣ шудааст”.

Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 58 сомонӣ) ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад, гуфтааст, вазири Адлия.

Пеш аз тайғиру иловаҳо ба кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.