Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш чӣ гуфт?

Имрӯз 8 сентябри Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мардуми кишварро тариқи телевизонҳо табрик намудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон суҳбати имрӯзаи Раҳмон дар худ паёми наве надошт, ба ҷуз хоин хондани як қишри дигари ҷомеа, ки чандест дар суҳбатҳояш садо медиҳад.

Президенти кишвар ҳамчунин мисли паёмҳои қаблиаш раванди Истиқлоли кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ рабт дода гуфт, ки нақша ва кирдорҳои ба гуфтаи ӯ “хоинони миллат” сабаб шуда, ки дар кишвар нооромиҳо ба вуҷуд биояд.

Раҳмон гуфтааст: “Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд”.

“Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд”, – изҳор дошт президент.

Дар идомаи суҳбаташ Э.Раҳмон афзудааст, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардид. Беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 меговатт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1991 то ба имрӯз дар Тоҷикистон сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шудаст. Шумораи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Шумораи  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд шудаанд. Дар соҳаи тандурустӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Эмомали Раҳмон гуфтааст, дар замони истиқлолият даромади пулии аҳолӣ  ба 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардидааст.

Омори иқтисодие, ки Президент дар паёмаш гуфтааст, ба шохисҳои созмонҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фарқи зиёд дорад. Кишвари Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ фақиртарин давлати Осиёи Марказӣ ва ҳатто ҷаҳон шинохта шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ дар соли 2018 Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар байни кишварҳои пасошӯравии узви ин созмон эълом шуда буд. Тибқи нишондодҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул бошад Тоҷикистон ба бистгонаи ақибмондатарин мамлакатҳои дунё шомил аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.