5.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба Афғонистон зиёдтар кумак кунед

Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон вазъияти минтақаро баррасӣ карда, хостори афзоиши кумакҳо шуд.

Акс аз Хадамоти Президент

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, субҳи имрӯз, 8-уми апрели соли 2022 “Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.”

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро ҷиҳати расонадани кумакҳо тавассути имкониятҳои лоҷистикии кишвар изҳор дошта, “зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид карда” аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон бар иловаи масоили Афғонистон атрофи дигар масоил низ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, бо гузашти наздик ба 8 моҳ аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар, ҳар чанд Русияву Чин ва Туркманистону Покистон сафирони Толибонро дар кишварҳои худ ба ҳузур пазируфтаанд, вале ҳамоно ҳеч кишвари дунё расман эълон накардааст, ки Аморати исломиро расман эътироф мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.