28.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар баробари терроризм муқовимат кунем

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин бо нигаронӣ аз вазъи Афғонистон гуфт, “Тоҷикистон ба истиқрори сулҳу субот дар он кишвар бори дигар таъкид” мекунад.

Имрӯз, 25-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки ба муносибати 30-умин солгарди барқароррии робитаҳои дипломатӣ баргузор шуд, бар “зарурати тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амният, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак  таъкид кард.”

Аммо Президенти Тоҷикистон бидуни ном бурдан аз Афғонисон ҳамоно он кишварро яке аз манбаъҳои таҳдиди хатарҳои муштарак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин унвон карда, афзуд: “Дар ин зимн муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа”-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон “аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид  ҷиҳати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ” кард.

Дар поёни ин нишаст, ки бо ташаббус Чин баргузор шуд, сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ в Чин “изҳороти муштарак миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва Чинро тасдиқ карда, ба вазирони корҳои хориҷӣ барои тадбиқи минбаъдаи пешниҳоду ташаббусҳои дар чаҳорчӯби саммит баррасишуда супоришҳо доданд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.