32.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: вазъияти ҷаҳон торафт мураккабтар мешавад

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Рӯзи 3 сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, хизматчиёни низомиро ба омодабошии ҳамешагии ҳарбӣ даъват кард. Инчунин Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳарбиёнро аз гурӯҳҳои террористӣ ва редикализми динӣ ҳушдор дод.

Ӯ гуфт Ҳукумат бо дарназардошти вазъияти ҷаҳони муосир, ки рӯз ба рӯз печида мегардад, барои омодабошии ҷангӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкониятҳо барои таъмин намудан бо силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ба роҳ мондааст. Э.Раҳмон таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар ба омодабошии ҷангӣ диққати бештар дидаистодааст.

Эмомалӣ Раҳмон Гузашти ҳарбии навбатӣ ва ҳузури ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳро дар ин Гузашти ҳарбӣ нишони садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон унвон кард.

Инчунин Рисҷумҳур зимни суханронияш хизматчиёни ҳарбиро аз ҳаракатҳои террористӣ ва радикализми динӣ ҳушдор дод:

“Дар шароите, ки сокинони сайёра ва минтақаҳои алоҳидаи он таҳти таъсири гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, радикализми динӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои дигар торафт ноором шуда истодааст, ҳар як хизматчии ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то афсари баландрутба вазифадор аст, ки барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру омода бошад.”

Коршиносон мегӯянд, чанд соли ахир Э.Раҳмон аз ҳаракатҳои сиёсии исломӣ ва табақаи рӯҳонияти кишвар интицоду ташаддуди бесобиқа доштааст ва дар аксари вохӯриҳо ва суханрониҳояш дар ин маврид сухан мегӯяд. Ба назари онҳо бастану террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва маҳдудиятҳои зиёди динӣ дар Тоҷикистон далили гуфтаҳои болост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.