23.9 C
Dushanbe

Эрон: Дар ҳамлаҳои бомдодии Исроил беш аз 50 зану кӯдак низ захмӣ шуданд

Исроил дар як ҳамлаи ғофилгирона алайҳи Эрон, ки дар як марҳила анҷом шуд, чанд тан аз мақомоти низомии радаи аввали Эронро ба қатл расонид.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, субҳи имрӯз, 13-уми июни соли 2025, Алии Хомании, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар робита ба ин ҳамлаҳои пай дар пай алайҳи кишвараш гуфт, “дар ҳамалоти душман, тане чанд аз фармондеҳон ва донишмандон ба шаҳодат расиданд.” Ӯ афзуд, ки ҷонишинони намояндагони кушташуда “бе даранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт”.

Мақомоти эронӣ мегӯянд, Исроил дар ин ҳамлаҳои худ дар баробари ба қатл расонидани чанд тан аз раҳбарони радаи аввали мақомоти низомии эронӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишвар, чанд марказҳои ҳарбӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва марказҳои ҳастаӣ ва чанд бинои маскуниро низ ҳадаф қарор додааст.

Эрон то замони таҳияи ин гузориш ба сурати расмӣ эълон накардааст, ки бар асари ин ҳамла чанд афсару аскар талафот додааст, вале телевизиони расмии ин кишвар хабар дод, ки дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам 50 нафар аз шаҳрвандони мулкӣ, аз ҷумла 35 зону кӯдак захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, дар ин ҳамла сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва сарлашкар Ғуломалӣ, фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ва ҷамъе аз донишмандони эронӣ низ кушта шудаанд.

Ҳамзамон раҳбари Эрон ба сурати фаврӣ кадрҳои дигареро дар мақоми ин раҳбарони низомии аз дастдодааш таъйин кардааст. Барои мисол, Аҳмад Ваҳид, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, раиси муваққати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таъйин шудаанд.

Расонаҳои эронӣ мегӯянд, мақомоти исроилӣ ин ҳамалоти имрӯзаашро алайҳи Эрон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти амрикоӣ анҷом додааст. Аммо мақомоти амрикоӣ дар Кохи Сафед гуфтаанд, ки Телавив ба танҳоӣ ин ҳамлаҳоро анҷом додааст, на бо ҳамкорӣ ва ҳамҳангӣ бо Вашенгтон.

Ҳамзамон артиши Эрон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки артиш дар канори Сипоҳи посдорон таҷовузи ин кӯдаккушони нопок ва рехта шудани хуни пок ҳамватанонро таҳаммул намекунад ва дарси талхе ба Натанёҳу хоҳад дод.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки ҳамалоти Исроил ба Эрон нақзи банди 2 маншури моддаи 4 Созмони Миллали Муттаҳид ва таҷовузи ошкор алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Ин кишвар мегӯяд, мувофиқи моддаи 51 маншури СММ посух ба ин таҷовуз ҳаққи қонунӣ ва машруъи Эрон аст ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо тамоми қувва ва ба шевае, ки худ ташхис медиҳанд ба Исроил посух хоҳанд дод.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки ин ҳамлаҳо ” наметавонад бидуни ҳамоҳангӣ ва муҷаввизи Амрико сурат гирифта бошад. Бар ин асос, давлати Амрико ба унвони ҳомии аслии ин режим низ масъули осор ва табаоти хатарноки моҷароҷӯйи режими саҳюнистӣ хоҳад буд.”

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Исроил ба сурати расмӣ алайҳи Эрон ҳамла мекунад, балки дар тайи якуним соли ахир низ чанд маротиба ба марокизи ҳастаии Эрон ҳамла кард. Дар посух ба он ҳамлаҳо Теҳрон низ дар иқдомҳои низомие алайҳи Телавив “Ваъдаи содиқ 1″ ва Ваъдаи содиқ 2”-ро анҷом дода буд.

Пас аз ҳамлаҳои нерӯҳои фаластинӣ бо раҳбарии ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ дар 7-уми ояткбри соли 2023 ба Исроил, ин кишвар ҳамлаҳои хунини худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, то ҳол ҷанги онҳо идома дорад. Исроил ва кишварҳои ғарбӣ Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз нерӯҳои муқовимати фаластиниро ҳимоят мекунад ва амнияти минтақа ва Исроилро ба хатар мувоҷеҳ кардаанд. Аммо дар баробари он Амрико ва муттаҳидонаш дар Шарқу Ғарб аз Исроил ҳимоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СММ хостори оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза шуд

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе қатънома дар...

Суқути ҳавопаймои ҳомили 242 нафар дар Ҳиндустон

Рӯзи 12-уми июни соли 2025 дар Ҳиндустон як ҳавопаймо бо 242 мусофир суқут кард

Исроил барои ҳамла ба Эрон омодагӣ мебинад

Амрико бо судури фармоне мансабдорон ва баъзе низомиёни худро ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Ховари Миёна берун кард.

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мехоҳад шароити роҳи оҳани кишварро беҳбуд бахшад.