26.9 C
Dushanbe

Эрон: Омодаем дар хусуси фурӯши паҳподҳо бо Украина гуфтугӯ кунем

Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ин кишвар омодааст дар робита ба рафъи иттиҳомоте, ки ҷониби Украина дар бораи фурӯши паҳподҳо матраҳ мекунад, гуфтугӯ кунад.

Бино ба иттилои хабаргузории Форси Эрон, имрӯз, 19-уми октябри соли 2022, Носир Канъонӣ, сухунагӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои ҷониби Украиниро дар хусуси фурӯши паҳподҳои сохти Эрон ба Русия “бесос ва бар пояи иттилооти ғалат” номидааст.

Ба қавли манбаъ,”Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози даргириҳо дар баробари идомаи ҷанг, ҳамеша бар зарурати қатъи низоъ ва ҳалли баҳсҳо бо тариқи сулҳомез таъкид кардааст ва дар ин робита аз сӯи вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтоёни рус ва украинии худ тамосҳо ва мулоқотҳои зиёде анҷом шудааст.”

Пеш аз ин мақомоти Уркиана бо нашри наворҳо иддао карда буданд, ки Русия дар ҳамлаҳои худ алайҳи Киев, пойтахти ин кишвар ва дигар шаҳрҳои Украина аз паҳподҳои сохти Эрон, аз ҷумла “Шоҳид 136” истифода мекунад.

Ҳамзамон мақомоти Украина ба Эрон ҳушдор дода буданд, ки агар Ҷумҳурии исломӣ фурӯши паҳподҳои худро бо Русия, ки дар ҷанги Украина истифода мешаванд, қатъ нукунад, масъулияти авоқиби он ба дӯши Эрон хоҳад буд.

Аммо ин мавқеъгирии Вазорати умури хориҷии Эрон дар робита ба музокира ва гуфтугӯ кардан бо ҷониби Украина ҷанҷолҳои лафзиеро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни эрониҳо ба вуҷуд овардааст. Барои мисол:

  1. Онҳое, ки наворҳои мақомоти украиниро тамошо карда, дидаанд, ки дар онҳо гап дар бораи паҳподҳои эронӣ бо аксу наворҳо меравад, бовар кардаанд, ки ҷониби даъвогар, яъне мақомоти украинӣ рост мегӯянд, вале пофишорӣ ҳам мекунанд, ки Носир Канъонӣ ҳам дурӯғ намегӯяд.
  2. Гурӯҳи дигари эрониҳо ин фарзияро матраҳ доранд, ки дуруст, мақомот рост мегӯянд, вале он паҳподҳоро Эрон барои истифода дар ҷанги Украина нафурӯхтааст. Русия ё пеш аз оғози ин ҷанг онҳоро харидорӣ кардааст ва ё тавассути кишвари сеюм ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст.
  3. Аммо гурӯҳи сеюм, ки аз нигоҳи теъдод зиёдтар ва мантиқашон ҳам қавитар аст, мегӯянд, Эрон бояд бо ифтихор дар ин хусус гап занад. Зеро паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Укриана ба навъе бахше аз иқтидори низомии Эронро ба намоиш гузоштанд. Ба қавли он ҳамон тавре, ки дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи паҳподҳо ҳуқуқи фурӯши маҳсулоти худро доранд, Эрон ҳам ин ҳақро барои худаш бояд маҳфуз бидорад ва агар ҷониби Украина ҳам қасди харидорӣ кунад, ба онҳо низ не нагӯянд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон чанд кишвари дигар, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ аз ҳамлаи силоҳҳои сохти Эрон тавассути гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Ироқу Сурия, Лубнон ва Яман чанд бор мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва аз вуҷуди ин паҳпоҳдо ва хатари онҳо ба амнияти худашон борҳо ҳушдор додаанд.

Аммо дар ин баробар Эрон чор моҳ қабл ба сурати расмӣ дар Тоҷикистон низ як корхонаи хати тавлиди паҳподҳои Абобил 2-яшро ифтитоҳ карда буд. Он замон гуфта мешуд, ки эҳтимол ин паҳподҳо барои истифодаи Русия дар ҷанги Украина тавлид мешаванд, вале ин иттилоъро то ҳол касе пурра тасдиқ накардааст. Зеро то ҳол аз оғоз кардани кору истеҳсоли паҳподе дар ин корхона ҳеч ниҳоде хабар надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хуршед Фозилов барои 7 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозиловро барои 7 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.