14.9 C
Dushanbe

Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба дастури қатли омми мардум дар Бадахшон

Президенти Тоҷикистон нахустин бор эътироф кард, ки қатли омм ва террори мардум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро худи ӯ содир кардааст.

18-уми июни соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара дар ҷамъи аъзои ҳукумат ва намояндаҳои дигари сохторҳои қудратӣ ва мардум гуфт, ки худи дастур додааст, то ҷамъе аз эътирозгаронро қатли омм ва дигаронро боздошту зиндонӣ кунанд.

Президенти Тоҷикистон эътирозгарони Бадахшонро ба ҳамдастӣ бо мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ аз кишвар муттаҳам карда, гуфт, “инҳоро лаҷомшона хоҷаҳои хориҷӣ ба даст гирифтанд, дар як муҳлати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузориашон карданд… ҳамон Ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагонашон.”

Аммо Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо “Бомдод” ин иддаъои Эмомалӣ Раҳмонро “идомаи сиёсати душмантарошӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон хонда гуфт, “ин афсонае беш нест. Опозитсия тоҷик дар хориҷ чунин имкониятҳоро надорад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатлҳои омми эътирозгарон, ки мақомот онҳоро ба “гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва силоҳбадаст” муттаҳам мекунанд, гуфт, “ман худам амр додам, ки яроқбадастонро безарар гардонед ва ё ин, ки дастгир кунед.”

Президенти Тоҷикистон, ки дар ин суҳбатҳояш бидуни коғаз ва ё берун аз протоколҳои расмӣ суҳбат мекард, ба наҳве қатл ва террори Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигар ёронашро ҳам ба гардан гирифта гуфт, “дар шаҳри Хоруғ амалиёти ҳарбӣ намондам гузарондан, ҳамааш бо роҳи бисёр касбияти баланд, ин функсия ва вазифаи давлат аст…ва роҳбари давлат.”

Шуруъ аз ҳодисаҳои солҳои 2012 дар шаҳри Хоруғ то кунун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон беш аз 75 нафар аз сокинони ин вилоятро кормандони мақомот бо ҳар баҳонае қатл ва террор карданд. Аммо дар ин муддат ягон қотил боздошт ва муҷозот нашудааст.

Талабҳои асосии эътирозгарони моҳҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, бахусус дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон низ ҳама талабҳои қонунӣ буданд. Мардум вақте диданд, ки касе ба додашон намерасад, талаби истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилоятро карданд. Аммо дар посух мақомот онҳоро “террорист” гуфта тирборон карданд

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосии ҳодисаҳои ҳашт моҳи ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ришватситонӣ ва духтарбозӣ кормандони мақомоти милиса ва прокуратура буд, ки хашми мардумро ба вуҷуд овард ва даст ба эътирозҳо заданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон на гуноҳи мақомоти зертобеашро эътироф мекунад ва на ба сиётсатҳои ғалати кадрӣ ва иқтисодиаш нукта мегузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нақшаи давъвати сарбозон ба артиш дар ВМКБ 100% иҷро шуд

Дар давоми 20 рӯзи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, нақшаи даъватро 100% иҷро кард.

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.