Эътирофи шиканҷаи сарбозон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ

Эмомалӣ Раҳмон вуҷуди шиканҷаи сарбозон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро “эътироф” карда, гуфт, ба онҳо “мисли фарзанд” рафтор кунед.

Ирмӯз, 23-уми феврали соли 2023 Президенти Тоҷикистон ҳангоми суханронии худ дар маросими таҷлили 23-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кохи Борбарди шаҳри Душанбе бадрафторӣ бо сарбозонро ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ эътироф кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии худ, ки мавзуҳои мухталиферо дар бар мегирифт, аз ҷумла дар мавриди бадрафторӣ нисбат сарбозон гуфт: “Такроран хотирнишон менамоям, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.“

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хитоб ба масъулини Вазорати мудофи ва дигар ниҳодҳои қудратӣ  таъкид кард, ки “ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.“

Тибқи иттилои расмӣ, дар 30 соли ахир “барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд ва имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.”

Гуфта мешавад, бадрафторӣ нисбат ба сарбозон ва бахусус навасакарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба яке аз мавзуҳои доғ табдил шудааст ва хеле аз ҷавонони кишвар низ ҳамин бадрафториҳоро мади назар қарор дода, аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.

Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки "Ҳумо"-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.