35.9 C
Dushanbe

Эътирофи шиканҷаи сарбозон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ

Эмомалӣ Раҳмон вуҷуди шиканҷаи сарбозон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро “эътироф” карда, гуфт, ба онҳо “мисли фарзанд” рафтор кунед.

Ирмӯз, 23-уми феврали соли 2023 Президенти Тоҷикистон ҳангоми суханронии худ дар маросими таҷлили 23-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кохи Борбарди шаҳри Душанбе бадрафторӣ бо сарбозонро ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ эътироф кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии худ, ки мавзуҳои мухталиферо дар бар мегирифт, аз ҷумла дар мавриди бадрафторӣ нисбат сарбозон гуфт: “Такроран хотирнишон менамоям, ки роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хитоб ба масъулини Вазорати мудофи ва дигар ниҳодҳои қудратӣ  таъкид кард, ки “ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 30 соли ахир “барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд ва имрӯз зиёда аз 80 фоизи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мо афсарони касбӣ, яъне хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.”

Гуфта мешавад, бадрафторӣ нисбат ба сарбозон ва бахусус навасакарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба яке аз мавзуҳои доғ табдил шудааст ва хеле аз ҷавонони кишвар низ ҳамин бадрафториҳоро мади назар қарор дода, аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.