22.9 C
Dushanbe

Эътирози қирғизҳо дар назди сафорати Душанбе дар Бишкек

Рӯзи 14-уми апрел дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон гирди ҳам омада, истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро талаб карданд.

Акс аз 24.kg (Эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бишкек)

Эътирозгарон дар даст шиорҳои “Stop Rahmon” ва “Боткен замини мост” садо баланд карда, ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳуҷум ва қатли ғайринизомиён муттаҳам карданд.

Чуноне, ки дар наворҳо дида мешавад, адади эътирозгарон 7-8 нафар буда, инчунин чанд рӯзноманигор ҳам дар онҷо ҳузур дорад.