Эътирози “Пайк” ба сафирони ИМА ва САҲА дар Тоҷикистон
Ҳафтаномаи минтақавии “Пайк”-и Тоҷикистон бо нашри як мактуби боз ба сафирони ИМА ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе аз онҳо пурсидааст: “Чаро аз Кӯлоб ҳазар доред!?“ Акс: ИнтернетҶон Марк Поммершайм- сафири ИМА ва Валериу Кивер, сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Ин мактуби “Пайк”, ки дирӯз, 9-уми май бо қалами сармуҳарри он […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ҳафтаномаи минтақавии “Пайк”-и Тоҷикистон бо нашри як мактуби боз ба сафирони ИМА ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе аз онҳо пурсидааст: “Чаро аз Кӯлоб ҳазар доред!?“
Акс: ИнтернетҶон Марк Поммершайм- сафири ИМА ва Валериу Кивер, сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо
Ин мактуби “Пайк”, ки дирӯз, 9-уми май бо қалами сармуҳарри он журналист Аҳмади Иброҳим дар саҳфаи расмии ин ҳафтаномаи минтақавӣ дар Фейсбук нашр шуд, таъкид мекунад, ки сафорати Амрико ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд.
Муаллифи ин нома мегӯяд, 8 сол боз дар минтақаи Кӯлоб бо ҷамъи 15 нафар хабарнигор фаъолият мекунем ва “мо бо машаққати зиёд бо нерӯйи худ дар музофот як ҳафтавори намунавӣ ва хеле серхонанда таъсис додем, шумо бошед ҷанобон, боре ҳам таваҷчӯҳ зоҳир накардед, ҳамкорӣ он тараф истад.”
Ҳафтаномаи “Пайк” бар ин бовар аст, ки “грантҳо”-и сафорати ИМА ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бештар ба дасти як гурӯҳ мерасанд ва дигарон аз онҳо маҳрум мемонанд.
Ҳафтаномаи “Пайк”, як ҳафтаномаи мустақил ва минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб аст, ки соли 2012 сабти ном шудааст. Ин ҳафтанома барои нашри матолиби интиқодиаш борҳо аз ҷониби мақомоти кишвар зери фишор қарор гирифтааст. “Пайк” ба ҳисоби миёна зиёда аз 10 000 хонандаи доимӣ дорад ва яке аз фаъолтарин расонаҳои мустақил дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мебошад.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.