13.9 C
Dushanbe

Эътирози “Пайк” ба хабари Радиои Озодӣ: Аз шаҳрдорӣ узр пурсед!

Расонаи “Пайк” ба матлаби “Пайкараи модар”-и Радиои Озодӣ вокуниш нишон дода, аз ин расона хостааст, ки матлабро аз сомонааш пок карда, аз раиси шаҳри Кӯлоб узрхоҳӣ кунад.

Сармуҳаррири расонаи маҳаллии “Пайк”, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият мекунад ва боре ҳам аз фишори мақомот болои кормандонаш шикоят карда буд, дар як матлабе зери унвони “МАКТУБИ КУШОД БА МУДИРИ БАХШИ ТОҶИКИИ РАДИОИ «ОЗОДӢ» ДАР ПРАГА ҶАНОБИ САЛИМИ АЮБЗОД“, аз ӯ хоста, ки матлаби “Пайкараи “Модар” дар Тоҷикистон ба модари кӣ монанд бошад?“-ро аз сомонаи Радиои Озодӣ бардорад ва ба хотири огоҳ набудан аз “асли қазия” аз шаҳрдории Кӯлоб узрхоҳӣ кунад.

Сармуҳаррири “Пайк” Аҳмад Иброҳим дар номааш ба Салим Аюбзод таъкид мекунад, ки хабари нашршуда дар сомонаи Радиои Озодӣ таҳқир ба модари шаҳрдори Кӯлоб аст ва онро “иштибоҳи” гузоришгари Радиои Озодӣ донистааст.

“Дарк карда наметавонам, ки чаро таҳқири як модари марҳумро, ки мисли модарони мо ба фарзандони худу ҳама ҷаҳон сулҳу салоҳ ва оромию осоиш мехост, ту эҳсос накарда бошӣ. Агар кардӣ, чаро гузоштаӣ, ки гузориш то ҳанӯз дар оинаи радио боқӣ бимонаду ҳар кадом аз душманони ҳукумати тоҷик онро ба нафъ ва ғарази худ истифода баранд?”, менависад Аҳмад Иброҳим.

Ӯ мегӯяд, мақомоти шаҳри Кӯлоб алайҳи хабарнигори Радиои Озодӣ “далелҳои зиёд” ҷамъоварӣ кардаанд ва таъкид мекунад, ки наҷоти ин рӯзноманигор дар дасти Радиои Озодӣ аст, агар матлабро аз сомона бардораду аз раиси шаҳр узрхоҳӣ кунад, метавонанд ӯро аз ин мушкилӣ раҳо кунанд.

“Ҳоло ягона ҳолатест, ки ба ҳимояи як шогирдам бархоста наметавонам, чунки далелҳо алайҳи моанд. Наҷоти ин журналист дар дасти шумо аст. Гузоришро аз сомона гиред ва аз шаҳрдор барои нашри акси модари арҷмандаш (Худо ҷояшро ҷаннат кунад) ва нороҳат кардани рӯҳи ӯ пузиш бихоҳед. Ин имкон медиҳад, ки мо ҳам ба назди шаҳрдор рафта барои шогирдамон бахшиш пурсем ва хоҳиш кунем, ки аз даъвояш гардад.”, навиштааст сармуҳаррири “Пайк”.

Аммо дар нома диқиқ оврада нашудааст, ки оё мақомоти шаҳри Кӯлоб алайҳи ин рӯзноманигори Радиои Озодӣ парванда боз кардаанд ва ё худи ӯро боздошт кардаанд, вале манобеи Azda tv мегӯянд, рӯзноманигор боздошт нашуд, дар озодӣ аст.

Баъзе фаъолон мепурсанд, ки дар ин миён “Пайк” чӣ вазифаро иҷро мекунад? Оё ӯ аз мақомоти шаҳри Кӯлоб дастур гирифта, ки бо матлаби ҷавобӣ аз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ҳимоят кунад ва аз Радиои Озодӣ бихоҳад, ки матлабро аз сомона бардоранд ва аз шаҳрдор узрхоҳӣ кунад ва ё дар ҳақиқат ин матлабро ҳамчун “иштибоҳ”-и рӯзноманигор ва собиқ шогирдаш дарёфта аз пайи ислоҳи он чунин вокуниш кардааст?

Дар ҳамин ҳол, Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми ноябр дар рад ба ин навиштаҳо дар саҳифаи фейсбукияш посух дод. Аюбзод навишта, ки бо сабаби ин матлаб ба ӯ навиштаҳои зиёде расидааст.

Ӯ мегӯяд, “Бо камоли масъулият мегӯям, ки он зидди мардуми ягон маҳалли кишвар нигаронида нашудааст. Агар воқеа дар ҳар минтақаи дигар ҳам мешуд, барои мо танҳо хабар мебуду бас. Мушкили асосӣ ин аст, ки талош мешавад, мавзуъ на ба ҳайкал, на ба мансабдорон, балки ба Модар пайванд гирад. Чунин тағйири мавзуъ барои он аст, ки таваҷҷуҳ сӯйи дигар бурда шавад. Магар мақолаи мо дар бораи модар аст? Асли воқеаро беҳтар аз ҳама шаҳрдори Кӯлоб, муҳтарам Бахтиёр Назарзода, медонанд, аммо ба зангҳои зиёди ҳамкорони ман на пеш аз нашри мақола ва на баъди он посух надоданд. Ҳамчунин дар ду рӯзи гузашта ҳамкоронам ба воситаи бархе аз наздиконаш эшонро даъват карданд, ки ба мо мусоҳиба диҳанд. То ҳоло посухе наомадааст.”

Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин матлаб ба таҳқири модари касе нигаронида нашудааст ва асли матлаб дар бораи “ҳайкалсозӣ ва вокуниш ба он” аст на мавзуи модар. Ӯ таъкид мекунад, ки даъват ба узрхоҳӣ асос надорад, чун фактҳои мақола пеш аз нашр санҷида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Радиои Озодӣ бо нашри матлаби Пайкараи “Модар” дар Тоҷикистон ба модари кӣ монанд бошад?“, навишта буд, ки “Пайкараи “Дуои модар” дар Кӯлоб баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун “ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст”. Ва ин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби тарафдорони Ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.