Даҳҳо нафар аз сокинони Литва, ки муқобили сохтани урдугоҳ (лагер)-и муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо нишони эътироз гирди ҳам омада буданд, полис ҷамъи онҳоро пароканда кард.
Ин ҳодиса дирӯз 27-июл дар полигони ҳарбии Руднинкайи ин кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин минтақа, ки сохтмони лагер ба нақша гирифта шудааст, ҳудуди 500 нафар сокинони маҳаллӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора шабакаи “Онҳое, ки ба кишвари Литва омадаанд, ҳамчун паноҳҷӯ сабти ном хоҳанд шуд. Аксари муҳоҷирон аз кишварҳои диктотуриву авторитарӣ ҳастанд ва бештарашон аз Шарқи наздик ва Африқо. Ва беш аз даҳ нафар бо роҳи қочоқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам вориди кишвари Литва шудаанд.” Ёқубов дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, ҳар рӯз тақрибан 100 нафар муҳоҷир бемамоният аз марзи Беларусия вориди хоки Литва шуда ва мардуми бумӣ низ аз зиёд шудани онҳо хеле нигаронанд.