35.9 C
Dushanbe

Дар байни фавтидаҳои Кореяи Ҷанубӣ шаҳрвандони ОМ низ ҳастанд

Шаби 29-уми октябр ҳангоми баргузории ҷашни “Ҳелловин” дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дасти кам 154 нафар кушта шуда, тақрибан 149 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқл ёфтанд.

Акс аз Интернет

Бино ба гузориши расонаҳои кореягӣ, ҳангоми баргузории ин ҷашни тирамоҳӣ ҳазорҳо нафар якбора дар кӯчаҳои тангу борик таҷаммуъ карданд, ки дар натиҷа издиҳоми шадиде ба вуҷуд омад ва мардуми зиёд ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, аз 149 нафари захмишуда ҳолати 33 нафарашон бисёр вахим арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин дар байни ҳалокшудагон 26 хориҷӣ низ вуҷуд дошта, ки 5 нафарашон эронӣ, 4 рус, 4 чинӣ, 2 амрикоӣ, 2 ҷопонӣ, боқӣ як нафарӣ аз кишварҳои Фаронса, Австралия, Нарвегия, Утриш, Ветнам, Тайланд, Шри-Ланка, Қазоқистон ва Узбекистон будаанд.

Акс аз Интернет

Мақомоти Корея Ҷанубӣ 30-уми октябрро рӯзи мотами умумӣ дар ин кишвар эълон карданд.

Пулиси ин кишвар дар бораи сабабҳои издиҳоми шадиду марги одамон таҳқиқро оғоз кардааст. Натиҷаҳои пешакӣ 6 ҳолати эълонҳои дурӯғинро нишон дада ва зиёда аз 60 ҳисоби корбарӣ дар интернетро, ки вобаста ба ин ҷашн эълон нашр кардаанд, бастанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷашни “Ҳелловин” ҷашни динии масеҳиёни ғарбӣ буда ба номи ёдоварӣ аз мурдагон рӯзи 31-уми октябр баргузор мешавад. Каду рамзӣ аслии ин ҷашн буда, дар он шаклҳои ханададор ва тарснок расм кашида мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Коҳиши 80%-и кишти кукнор дар Афғонистон

Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки барои кишоварзоне, ки...

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.