26.9 C
Dushanbe

Ҷаримабандии мардум дар Файзобод бо баҳонаҳои сохта

Рӯзи 10 январ дар масҷиди марказии ноҳияи Файзобод, ки ба “Масҷиди Сари мазор” маъруф аст, мақомоти амниятӣ, имом ва муаззини онро ҳазор сомнӣ ва волидони 14 кӯдакро 480 сомнӣ ҷарима кардаанд.

Як сокини деҳаи Саричашма (машуҳр ба Сари мазори Хоҷаи Ҳотам)-и ноҳияи Файзобод дар тамос бо Аздо тв гуфт, ки рӯзи 10-уми январ пеш аз намози шом, маъмурони амниятӣ ва ҷамоати ноҳия аз мағозаи ин деҳа ширинӣ харида ба кӯдакони назди мағоза додаанд ва аз онҳо хостаанд, ки ба масҷид рафта намози шомро бихонанд.

Ин манбаи Аздо тв афзуд, ки пас аз ворид шудани кӯдакон ба масҷид ҳангоми адои намоз маъмурон ба масҷид ворид мешаванд ва бо баҳонаи риоя накардани Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 4 масъули масҷидро, бо шумули имом ва муаззини он ҳазор сомнӣ ва 14 нафари волидони кӯдаконро 480 сомонӣ ҷарима бастанд.

Бино ба гуфтаи ин сокини Файзобод, нафароне, ки шахсан кӯдаконро бо ширнӣ фиреб дода ва дастур додаанд, ки вориди масҷид шаванд, ин Сайфиддинов Шодмон, раиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия ва Ҳукмиддин, раиси Ҷмоати Ҷавонони Файзобод мебошанд.

“Раиси Ҷамоати Ҷавонон ва танзим дар ҳамоҳангӣ бо маъмурони КДАМ-и ноҳия баъд аз ворид шудани кӯдакон ба масҷид онҳоро дастгир мекунанд ва дар натиҷа имомхатиби он Саидов Кароматулло, имоми панҷвақта Анқоев Олиҳиммат, муаззин Ахмедов Каромат ва як пирамарди масъули ин масҷид Абдурозиқро 1000 сомонӣ ва волидони 14 кӯдакро 480 сомонӣ ҷарима карданд.”, мегӯяд ин сокини Файзобод.

Инчунин маъмурони амниятӣ пас аз ин воқеа ба мактаби деҳа рафта масъулини мактабро зери фишор қарор медиҳанд, ки чаро кӯдаконро назорат намекунед, ки онҳо ба масҷид рафтаанд. Омӯзгорони мактаб дар посух ба онҳо мегӯянд, кӯдакон дар соати ғайридарсӣ ба масҷид рафтаанд ва ин масулияти волидайн аст на мактаб.

Буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, гаронӣ ва фасоди идорӣ дар Тоҷикистон боис гашта, ки мақомти амниятӣ ва интизомии кишвар бедаромад монад ва барои пур кардани ҳам ҷайби худ ва ҳам будҷаи кишвар маҷбуранд бо ҳилла ва баҳонаҳои сохта мардумро ҷаримаҳои ҳангуфт банданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.