Субҳи имрӯз, садҳо нафар аз нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо шуда, намозгузорон ва эътикофнишастаҳро мавриди ҳамла қарор доданд. Акс: Интернет Бино ба иттилои Алҷазари Қатар, субҳи имрӯз, 15-уми апрели соли 2022 нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо дар шаҳри байтулмақдас гардида, ҳудуди 400 нафарро боздошт ва 152 каси дигарро бо зарби гулулаҳо ва гази […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Субҳи имрӯз, садҳо нафар аз нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо шуда, намозгузорон ва эътикофнишастаҳро мавриди ҳамла қарор доданд.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои Алҷазари Қатар, субҳи имрӯз, 15-уми апрели соли 2022 нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо дар шаҳри байтулмақдас гардида, ҳудуди 400 нафарро боздошт ва 152 каси дигарро бо зарби гулулаҳо ва гази ашковар захмӣ карданд.
Аз ҷониби дигар мақомоти фаластинӣ ин ҳамларо эълони ҷанг гуфта, муфтии Қудс ҳам эълон кардааст, ки ҳимоят аз маҷсиди Ақсо вазифаи миллӣ ва мазҳабии тамоми фаластиниҳост.
Дар аксу наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаҳои муътабари дунё аз ин ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки ҳамлаварон бо бераҳмӣ ба самти мардум ҳамла мекунанд ва намозгузорони зиёде ҳам ба хотири ҳифзи ҷони худ ба ҳар тараф пароканда шуда, аз дами тир фирор мекунанд.
Аз сӯи дигар беш аз 40 гурӯҳ ва ниҳодҳои ифротии исроилӣ ҳам тайи чанд соли ахир талош доранд, масҷиди Ақсоро тахриб ва ба ҷои он ҳайкали Сулаймонро тавре даъво доранд, дар ин макони муқаддас бино кунанд.