Вақте сухан дар бораи ин оила меравад, суолҳо дар зеҳни кас пайдо мешавад, ки ин оила чӣ гуна оила аст? Аз куҷо ва аз ҳисоби кӣ ба ин расидааст?
Ин “як оила” хеле калон аст, аммо ҳамаи Тоҷикистон нест, вале бо оилаҳои дигар намешавад муқоиса кард. Ончи ки ин оила дорад, ҳеҷ як оилаи дигар надорад. На ҳукуматаш, на қудраташ, на нонаш, на обаш, на хонааш, на аспаш, на мошинаш, на пулаш, на ягон чизашро оилаҳои дигар доранд. Қасрҳо, кӯшкҳо, бӯстонсароҳо, мошинҳову ҳавопаймоҳо доранд. Бонкҳо, фондҳо, ширкатҳо мағозаҳо, бозорҳо, ресторанҳо, дискоклубҳо, чойхонаҳо, ҳотелҳо доранд. Рамаҳо, подаҳо, фермаҳо, галаҳо, мурғҳо доранд. Заминҳо аз они ҳамин оила, дарраҳо, кӯҳҳо, чарогоҳҳо аз они ҳамин оила, конҳо аз они ҳамин оила, роҳҳо ҳам аз они ҳамин оила. Нашрияву маҷаллаву шабакаҳои телевизиониву радиоӣ фақат ва фақат аз ҳамин оила мегӯянд. Ончи ки инҳо доранд, оилаҳои дигар ки чӣ, хазинаву байтулмоли Тоҷикистон надорад.
Ин ҳама чизҳоро, ки доранд, ғасбу забту истилову мусодира кардаанд. Аз они онҳо набуд, аз они онҳо шуд.
Масалан, роҳи ягонаи миёни шимолу маркази кишвар – роҳи гарданаи Анзобро ҳанӯз бобоҳоямон дар солҳои ҷанг бо мисрону каланду бел канданду мошинраҳааш карданд ва сипас бо пули Чин тармиму таъмир шуд, ин оила гирифт ва барои оилаҳои дигар пулакӣ кард ва ҳосили он шуд Спитаменбонк.
Ин оила бо фишору шантаж саҳмияҳои “Роғун”-ро фурӯхт ва пули он шуд Боинги “Сомон Эйр”. Ва ҳамин тавр даҳҳову садҳо намунаҳо, ки надоштанд, гирифтанд. Дар Душанбе, ки чизе боқӣ намонд, ҳамаро гирифт, ҳатто таксиҳоро дар пойтахт гирифт.
Осоишгоҳҳои кишвар: Шоҳамбарӣ, Хоҷа Обигарм, Зумрат аз они дигарҳо буд, ҳамин як оила соҳиб шуд. Аммо пурсиш, ки ин ҳамаро чи тавр гирифтанд, қатаған аст. Вале мову шумо медонем, ки чи тавр гирифтанд.
Ин оила ҳукуматро бо вазорату кумитаҳоро халъи пулу даромаду ваколату салоҳият кард. Тамоми хадамоти давлатиро ин оила гирифт. Прававу техосмотру техталонро аз ГАИ гирифт, рентгену узиву лабораторияро аз Вазорати тандурустӣ гирифт, суғурта(бима)-ро аз Тоҷиксуғурта гирифт, билети ҳавопайморо гирифт….хулоса ба гуфтан адо намешавад.
Аммо дар аввал, вақте омад гуфта буд, ки “ма як акаи тракторчӣ дораму тамом”. Вале баъдҳо….. аввал Ҳасанро овард, баъд Озода, баъд Рустам, сипас Рухшона, сонӣ, Заринаву Парвина ва…Исмоилро овард.
Савол додан, пурсидан, ки ин як оила ин ҳамаро аз куҷо ба даст овардаасту аммо чаро боқии оилаҳои Тоҷикистон надорад ва натавонистааст ба даст оварад, нораво ва мамнуъ аст. Саволдиҳандаҳо, пурсандаҳо ба дасти милиса, амният, прокурор ва суд меафтанд ва ба солҳои тӯлонӣ зиндон мешаванд.
Масалан, раис ва муассиси ин оила қонуни алоҳида дорад: Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешво. Бар тибқи ин қонун асосгузор, пешво ва аъзои оилаи вай дахлнопазир, дастнорас аст ва дар курсии болои болои ҷой дорад. На фақат аъзои оила, сарвату молу милкаш ҳам дар чаҳорчӯби ин қонун иммунитет-дахлнопазирӣ дорад ва раиси ин оила барои аъмоли содирнамудааш ҳеҷ гоҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Балки муҳофизон дорад, фонди махсус –пул дорад ва ҳақ дорад, ки то дар рӯи замин зинда аст, раис бимонад. Ва, Қонуни асосии кишвар бар асоси ҳамин қонуни асосгузор тағйир дода шуд ва меъёри якумрии раису муассиси ин як оила мақоми ҳуқуқӣ касб кард.
Ин оила бо нерӯи барқ мушкил ва танқисӣ надорад, таъмин аст. Гармӣ ва рӯшанӣ дорад дар хонааш.
Ин оила аз тамоми неъматҳои модӣ бениёз аст. Мушкил ва азоби муҳоҷират ва облава надорад.
Ин оила чоплусон дорад, лесакон дорад, хушомадгӯён дорад, маддоҳон дорад, хизматгорон дорад.
Ин оила таъин ва барканор мекунад. Дастгир мекунад, мешинонад ва афв мекунад. Вақте ин оила ба ҷодаҳо мебарояд, корвони мошинҳо-эскорти он аз пасу пеш бо муҳофизон ва ҷондорҳои то баногуш зиреҳпӯшу мусаллаҳ мушояат ва таъмини бехатарӣ мекунанд.
Масалан, вақте раиси ин оила гап мезанад, паём медиҳад дар кишвар лимит бошад ҳам барқ дода мешавад. Ва вақте раиси ин оила мехоҳад рақсу ҷунбонҷунбонии вай дар Наврӯзро ҳама бинад, лимит бошад ҳам барқ медиҳад.
Меҳмоншо Шарифзода ҷомеашиноси мустақили тоҷик, ки дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад дар як навиштааш ин оиларо таърифи воқеӣ кардааст: “Ин қавм, ки худро “фарҳангсолор”, “тоҷик”, “соҳибдавлат” ва ҳар киву ҳар чӣ мегиранд, аслан ба корҳои (дуздиҳои оилавии худ машғуланд) ва қаламрави онҳо ҳамчун масъули тақдири ин мардум дар марзи чароғакҳои чойхонаи Роҳат (Роҳатро ҳам хароб карданд) ба охир мерасад, вале дар фазои лофу дурӯғ ва ҳамчун саркӯбгари мардуми Тоҷикистон қаламрави онҳо дар ҳамаҷост”.
Кумитаи андоз ё молиёти Тоҷикистон дар соли 2024 эълон дошт, ки буҷети давлатӣ аз ҳисоби имтиёзҳои додаи ҳукумат (раиси як оила) 27% зиён дид. Кумита гуфт, чанд бор тавсия ва пешниҳод кард, ки соҳа имтиёз бигирад на ширкат ё тиҷорати алоҳида, вале раиси оила эътибор надод.
Ин омори ироадодаи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, яке аз дарозумрон дар ҳукумати ин оила аст, ки дар баробари хабарнигорон эълон кард. Вай бо сароҳат гуфт, ки суду зиёни имтизҳо ба афрод ва ширкатҳои алоҳидаро бояд аз ҳукумат суол кард, аммо мегӯяд, ӯ аз ин имтиёзҳо буҷети кишвар дар соли 2024 бистуҳафт дарсад зиён дид.
Аммо ин имтиёзҳоро кӣ бархурдор аст? Фақат аъзои ин оила. Масалан, ҳамин Ҳасан барои сохтмони як меҳмонхона, ки бист сол мешавад идома дорад, ҳамасола имтиёзи андозу гумрук дорад.
Ин оила давлатро ба оила супорид.Балки ин оила давлат аст. Ва давлати Тоҷикистон давлати ин оила аст. Оилаи давлатӣ ё давлати оилавӣ?
Як мисоли дигари конкретӣ: Шираи камол-як гиёҳи пурдаромадро, ки солҳо дар ихтиёри Кумитаи ҷангал ва Вазорати тандурустӣ буд, раиси ин оила гиррифту ба ширкати оила дод. Тамоми муҷаввизу ҳаққи ҷамъоварӣ ва фурӯши онро аз давлат гирифту ба оилааш дод, ки даромади солона аз ин гиёҳ, бинобар тахминҳо то 40 миллион доллар аст.
Аз ҳисоби фоида ва даромади ҳукумат бо дастури раиси ин оила барои анҷоми сохтмони бинои Донишгоҳи тиббии Данғара 30 миллион ва меҳмонхона дар маркази Данғара 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аммо, барои мисол дар Нуробод барои мактаб мардум пул ҷамъ карда, тахтаи синфу мизу курсӣ хариданд.
Бо пули як хонаи ба яке аз набераҳои ин оила харида дар Дубай камаш 50 боғчаи кӯдакон мешавад сохт.
Яке аз дигар набераҳои ин оила, ки ҳанӯз бист солаш ҳам набуд, ба як кӯдаки узбек, ки ба ҷарроҳӣ ниёз дошт, кумаки молӣ расондааст. Он вақт нашрияе навишта буд, ки “ин хонаводаи ин кӯдаки бемор, ки дар Тошканд зиндагӣ мекунанд, аз амалҳои хайри Исмоили Муҳаммадзоир дар Тоҷикистон иттилоъ пайдо карда, аз ӯ барои ҷарроҳии фарзандашон кумак пурсидаанд.
Дар видеое, ки Фатҳиддини Замон нашр кард, дида мешавад, ки се ҷавон вориди хонаи Аҳатовҳо шуда, аз номи Исмоил ба ӯ як лифофа бо кумаки молиявиро месупоранд. Модар ва бибии Имронбеки бемор даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи набераи Президенти Тоҷикистон дуои хайр мекунанд. Исмоили Муҳаммадзоир 20 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Президенти Тоҷикистон мебошад. Падараш Муҳаммадзоир Соҳибов яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар аст.
Чанд ҳафта пеш Исмоили Муҳаммадзоир ба ду оилаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доштанд, хона туҳфа карда буд. Муҳаррама Очилова ва духтараш аз ин пештар дар як фермаи чорво, дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекарданд”.
Аммо, ин ҳамаро оилаҳои дигар надоранд. Оилаҳои дигар аз ҳаққу ҳуқуқе, ки ин оила дорад, бебаҳраанд, бархурдор нестанд. Ҳатто ҳуқуқи худпешбарӣ ба маҷолис ва раёсати ҷумҳурӣ ба онҳо дода нашудааст. Дар ҳоле, ки ин оила ҳукуматро меросӣ кардааст.
Дар чунин вазъу чунин ҳол чӣ гуна мешавад ин оиларо бо бақия оилаи халқи тоҷик муқоиса кард? Мешавад ин оиларо худӣ хонд? Ин оила агар худист, чаро ранги дигарҳо нест? Масалан, чаро мушкили ангишут тапаку ҳезум надорад?
Ман агар бигӯям, ки “хоини давлат ӯест, ки манофеи шахсии худро аз манофеи давлатӣ афзал ва пештар мемонад” дуруст гуфтам ё хато гуфтам? Ин як оила, ки ҳарфи достони мо шуд дар баробари 10 миллион аҳолӣ истодааст, балки дар болои вай қарор дорад. Агар қиёс кунӣ дар ҳаҷму андозаи чашми мӯр ё боли магас аст. Аммо тамоми ин даҳ миллион ҳамин оиларо итоат ва фармон мебарад, ин даҳ миллион дар хидмати ҳамин оила камар бастааст.
Магар дурӯғ гуфтам?