32.9 C
Dushanbe

Фаронса аз давлатҳои Ховари Миёна хост маҳсулоташро таҳрим накунанд

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон баъд аз ҳодисаи кушта шудани муаллими таърихе, ки барои донишомӯзон корикотураи Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро ҳамчун озодии баён нишон медод, гуфт, ки расми корикотураҳои Паёмбар Муҳаммад (с)-ро идома медиҳад ва бештар ба намоиш мегузорад.

Ин тасмими Макрон ғазаби мусалмонҳо дар кишварҳои мусалмоннишинро ба бор овард. Рӯзи шанбе 24 октябр раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин робита вокуниш нишон дода, тасмими Макронро сахт интиқод кард, ӯ гуфт,

“Макрон ба як ташхиси ақлию равонӣ ниёз дорад, бо кадом ақл як президент бидуни дарназардошти миллиёнҳо ақаллиятҳои динӣ (дар худи Фаронса) чунин қарорро қабул мекунад?”

Баъд аз суханронии раисҷумҳури Туркия Макрон сафираш дар Анқараро барои машварат ба Фаронса бозхонд. Ҳамзамон Покистон рӯзи душанбе сафири Фаронса дар Исломободро фаро хонд ва аз мавзеъгириҳои Покистон ӯро огоҳ кард. Ӯ гуфтааст, ки ба ҳеч ваҷҳ таҳқири Паёмбар пазируфтанӣ нест ва набояд ба эътиқодоти мусалмонҳо нохун зад. Ӯ аз қарори президенти Фаронса интиқод намуд.

Дар пайи қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои Паёмбар Муҳаммад (с) аксар давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар сатҳҳои гуногун онро маҳкум карданд ва дар давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин таблиғоти таҳрими молу маҳсулоти фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки дар Покистон, Миср, Кувайт, Қатар, Лубнон, Арабистони Саудӣ ва боз даҳҳо давлати дигар мағозаҳоро аз молҳои истеҳсоли Фаронса пок мекунанд. Ҳамзамон ниҳодҳои фатвову ҷамъиятҳои исломӣ ҳукм содир карданд, ки молу маҳсулоти Фаронса ба хотири ҳимоят аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) таҳрим карда шавад.

Дар пайи ин таҳримоти густардаи давлатҳои исломӣ аз маҳсулоти фаронсавӣ, рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷаи Фаронса изҳороте пахш кард, ки дар он аз ҳокимони давлатҳои исломӣ хоста шудааст, ки пеши роҳи ин таҳримотро бигиранд ва нагузоранд молҳои Фаронса дар давлатҳояшон аз тарафи тоҷирону ниҳодҳои фатво мавриди таҳрим қарор бигиранд.

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса дар изҳороташ гуфт, ки тайи чанд рӯзи гузашта дар бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна шоҳиди даъватҳо барои таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ будаанд, бахусус маҳсулоти хӯрокворӣ. Илова бар ин, даъватҳо барои эътироз ва ба майдон баромадан алайҳи қарори Фаронса дар робита бо нашри карикатураҳои таҳқиромези Паёмбар Муҳаммад (с) низ буданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки

“ин даъватҳо барои таҳрими маҳсулоти Фаронса беасосанд ва бояд фавран пеши роҳи ин амалҳо гирифта шаванд. Ҳамаи ҳамлаҳое, ки алайҳи кишвари мо сурат мегирад, аз ҷониби ақаллиятҳои экстремистӣ роҳандозӣ мешаванд.”

Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд.

Амали кушторро тамоми давлатҳои исломӣ ва марокизи фатвову шахсиятҳои гуногун маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ҷавон набояд ба ин шакл бархурд мекард. Аммо пас аз он қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои тавҳиномез дар чорчӯби озодии баён хашми мусалмонҳоро бештар кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.