13.9 C
Dushanbe

“Фароз”-давлате дар даруни давлат

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баъид аст, ки ба номаи “Асотсиатсияи воридкунандагони фаровардаҳои нафтӣ ва гази моеъ”-ширкатҳое, ки умдатан вобаста ба Шамсулло Соҳибов, масъули ширкати “Фароз” ва яке аз домодҳои худи Раҳмонанд посух диҳад.

Дар  як нома ин Асотсиатсия аз раиси ҷумҳурӣ хостааст, айни имтиёзе, ки барои воридоти фаровардаҳои нафтӣ ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ додааст, ба онҳо ҳам қоил шавад. Манзури Шамсулло Соҳибов ин аст, ки ширкатҳои вобастаи ӯро, ки маводди сӯхт меоваранд, низ Раҳмон аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт муоф кунад. Аҷаб не, посухи мусбат ҳам бидиҳад, чун то ба имрӯз ҳама шароиту имконот ва зарфиятҳои давлат ва кишварро барои равнақи тиҷорати ин домодаш арзонӣ доштааст.

Шамсулло Соҳибов, аз ҳамон рӯзҳои оғози домодӣ ба Раҳмон дигар тамоми сарфу харҷаш бар ӯҳдаи буҷҷаи давлат вогузор шуда буд ва ҳамин ҳолоҳо ширкати «Фароз»-и мансуб ба ӯ амалан давлате дар даруни давлати Тоҷикистон аст.

Замоне, ки ӯро бо духтари Раҳмон ҳамболин карданд, ӯ донишҷӯ ва ҳамзамон корманди сафорати Тоҷикистон дар Лондон таъйин шуд. Ӯ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир буд ва аз инҷо аз тамоми имтиёзоте, ки як дипломат дар берун аз кишвар бархурдор аст бархурдор буд. Чунки он солҳо Рухшона, духтари Раҳмон ва завҷаи Шамсулло низ муҳассили омузишгоҳе дар Лондон буд ва набоядам онҷо тоқа ва бидуни шавҳар мезист.

Шамсулло баргашту омад ва “Фароз”-ро аз дасти Умаралӣ Қувватови шаҳид кашиду гирифт. Албатта, бо мусоидат ва дастгирии мустақими хусураш-Эмомалӣ Раҳмон. Эмомалӣ Раҳмон, ончуноне ишора намудем барои ин домодаш, ки дар муқоиса бо домодҳои дигараш хеле чусту чолок ва бӯи пулро аз фарсахҳои зиёд мешамад, даромадҳои давлатиро «ғайридвавлатӣ» карду дод.

Бале, манбаи бойшавӣ ва даромади асосии Шамсулло Соҳибов ва инки ӯро тоҷири муваффақ мегӯянду Раҳмон ҳам ингор «барои саҳми арзандааш дар рушди ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат» ба ӯ ордени «Шараф» дод, буҷҷаи давлат аст ва ин обулойсозии  пулҳои давлат аст, ки Шамсулло Соҳибов ҳоло ба як мултимиллиардер табдил шуда ва овозаи суратҳисобҳои ӯ аз ҷазоири Вирҷинияву кишвари Қибрису ину он гӯшаи дигари олам меояд ва барои чархондани даромадҳои миллиониаш ӯ чанд соли пеш бонки алоҳидаеро бо номи «Коммерсбонки Тоҷикистон» таъсис дод, ки феълан дар низоми бонкии кишвар низ қаду қомати болое дорад.

Даромадҳои давлатиро «ғайридавлатӣ» кард ва «давлате дар даруни давлат» гуфтани мо аз «Фароз» ба чӣ маъно аст? Ба ин маъно аст, ки «Фароз» ва Шамсулло тақрибан аз тамоми вазорату кумитаву оҷонсиву хулоса ниҳоду сохторҳои давлатӣ он қисм ва бахши фаъолияти онҳоро, ки даромад меовард ва даромадаш мустақим ба ҷайби давлат, яъне буҷҷаи Тоҷикистон мерафт, гирифту аз они худ кард.

Ин тарзи гирифтани даромадҳои ниҳодҳои давлатӣ, албатта аз ғасби рейдерии автозаправкаҳои «UMED-88» ва ё сарбанест кардани Умаралӣ Қувватов, муассиси асосии «Фароз» фарқ мекунад. Аммо, агар бо диққат мутаваҷҷеҳ бишавед, ин кораш ҳам ғасби рейдерии дигар аст. Тафовут дар онки инҷо гӯё бо воситаи тендер хусусӣ карда шудааст. Мо инҷо чанде аз онҳоро ба унвони намуна тазаккур медиҳем.

«Справка» барои талабаҳои синфи якро, онҳоеро, ки бори аввал по ба остонаи мактаб мениҳанд, яъне маълумотнома оида ба вазъи саломати кудакро «Фароз» медиҳад. Пештар Вазорати тандурустӣ медод. Нархи ин гуна маълумотномаҳо агар 5 сомонӣ буд, баъд аз он ки «Фароз» гирифт аз 80 сомонӣ то 120 сомонӣ шуд.

Дар тамоми муассисаҳои тандурустии давлатӣ, мутаваҷҷеҳ бишавед, беморхонаи давлатӣ дар саросари кишвар «Фароз» лабораторияҳои худро фаъол кард. Ин лабораторияҳо кори ташхису муоинаи маризонро анҷом медиҳад, кореро, ки то «Фароз» худи бемористонҳо анҷом медоданд. Инҷо низ нархҳо ҳадди ақал 10 маротиба боло рафтааст, вале дар тамоми ин муассисаҳо ташхису муоина ба таври ҳатмӣ тавассути лабораторияи «Фароз» анҷом дода мешавад.

Ҳамин тавр «Фароз» ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камолро аз ихтиёри Вазорати тандурустӣ берун оварда ба монополия-инҳисори худ табдил дод. Албатт, Шамсулло Соҳибов ҳамаи ин корҳо бо Вазорати тандурустиро бо қарорҳои махсуси раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва иҷро кардааст. Қарори махсуси ҳукумат баромад, ки шираи камолро фақат «Фароз» ҷамъоварӣ ва ммефурӯшад. Даромади солона аз ин ҳисоб, ки то «Фароз» Вазорати тандурустӣ мегирифт, беш аз 40 миллион доллар ба ҷайби Шамсулло меравад.

«Фароз» аз чанд сол ба ин сӯ муоинаи фаннӣ (техосмотр)-и васоити нақлияи Тоҷикистонро аз ГАИ гирифтааст. Ҳамчунин шаҳодатномаи ронандагӣ, номери давлат ҳам аз ихтиёри ГАИ ба «Фароз» дода шудааст. Барои мисол даромади солонаи «Фароз» аз муоинаи техникӣ дар соли 2020 13,5 миллион долларро ташкил додааст. Ин маблағ то ин ки «Фароз» ин корҳоро аз дасти ГАИ бигирад ба буҷҷаи давлат, яъне хазинаи мардум ворез мешуд, чун ин корҳоро ГАИ анҷом медод.

Соли гузашта ба маблағи 136 миллион сомонӣ китоби «Тоҷикон» тавассути нашриёти «Фароз» чоп карда шуд, ки раиси ҷумҳурӣ онро барои ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ ройгон туҳфа хоҳад кард. Аммо даромади софи нашриёти «Фароз» аз чопи ин китоб беш аз 7 миллион доллар, ҳудуди 80 миллион сомониро ташкил додааст. Чопи ин китобро метавонист нашриёти «Шарқи Озод», ки вобастаи давлат ҳаст ба анҷом расонад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо як имзо ин ҳама пули давлатро ба киссаи домдаш ворез кард.

Ин феҳристро метавон дар даҳҳо сафҳаи дигар идома дод, ки чи гуна бахшҳои пурдаромади ниҳодҳо ва сохторҳои давлатиро маҳз «Фароз» тасоҳуб кардааст. Ҳатто ҳамин маҷмаи варзишии «Сафедорак», ки қаблан ба Кумитаи ҷаҳонгардӣ ва варзиши Тоҷикистон тааллуқ дошт, дигар бо мусоидати мустақими Раҳмон ба моликияти шахсии Шамсулло Соҳибов мубаддал шудааст. Инҷо аз онки «Тоҷикметаллургия»-ро бо чи нархе гирифт, чаро маҳз «Фароз» кирпичзаводи Душанберо тасоҳуб кард ва ё инки конҳои ангишти Назарайлоқи Рашту Ҷиҷику Кантеи Айниву даҳҳои дигар чи тавр ба монополияи «Фароз» табдил шудааст, низ намегӯем.

Ва, низ намегӯем аз онки ҳоло дар тамоми сарҳадоти Тоҷикистон терминалҳои “Фароз” амал мекунанд ва ҳиҷ мошинҳои борбаре ҳақ надорад, бидуни пардохт ба ин терминал дар гумрук «расматожка» кунад, аммо инки ҳамин ду тиҷорати дар соли гузаштаи «Фароз» яке 13-уним миллион доллар ва ё бешаз 140 миллион сомонӣ ва 7 миллион доллар баробари 80 миллион сомонӣ даромади фурӯши ташхиси техникии мошинҳо ва чопи китоби “Тоҷикон”-ро, ки бештар аз тамоми маблағи молиёти заминҳои корам, чи лалмӣ ва чи обии Тоҷикистон дар як сол астро наметавон тазаккур надод.

Маблағи андози заминҳои кишоварзии Тоҷикистон, чи хеле худи Раҳмон изҳор дошт, солона 200 миллион сомониро ташкил медодааст. Аммо 140 +80 миллион сомонӣ даромади танҳо ду ширкати мутааллиқ ба Шамсулло 220 миллион сомонӣ аст. Ана, барои чӣ мо гуфтем, ки Раҳмон ва Шамсулло доранд давлатро «ғайридавлатӣ» мекунанду «Фароз» давлате дар даруни давлат аст.

Дар ҳақиқат «Фароз» дар зоҳир ширкати хусусӣ ва ғайридавлатӣ аст. Вале дар амал наздики 100% тиҷорати ӯ бо пули буҷа мечархад ва маҳалли асосии фурӯши маҳсулот ва ё хизматрасониҳои ӯ боз ҳам буҷаи давлатӣ аст. Ин як схема ва ё махинатсияи мофиёиест,  ки дар зери сайтара ва ҳимояти давлат роҳандозӣ шудааст. Зарар ва зиёни расонидаи ин ширкат ба буҷҷети кишварро наметавон дақиқ арзёбӣ кард, вале тӯли ин ҳама солҳои фаъолият метавон гуфт, ки аз садҳо миллион доллар ҳам бештар аст.

Дар баёни дигар шароит ва муҳиту фазо барои ин ширкат ба ҳадде фароҳаму мувофиқ карда шуд, ки на танҳо рақибони тиҷоратӣ, балки ниҳодҳои давлатиро аз саҳна берун кард. Ин тавр нест, ки “Фароз” кадом корхонаи истеҳсолӣ сохтаву ба тавлидот машғул шуда бошад, ҳатто барои мисол ба мисли ҳамин Ҳуаксин семент, ки бо ҷалби сармоя ва техноложии чинӣ ба тавлиди семент машғул аст, балки ҳамон корҳое, ки то вай ниҳод ва идораҳои давлатӣ анҷом медоданд, тасарруф кард, ҳамон арсаҳоро ишғол намуд.

Агар дар пушти Шамсулло Соҳибов Эмомалӣ Раҳмонов намеистод ва агар ӯ домоди раиси ҷумҳурӣ намебуд, ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонист, ки барои мисол ҳамин муоинаи техникии васоити нақлиёт-техосмотри мошинҳоро, ки ГАИ анҷом медод, аз дасти ниҳоди давлатӣ бигирад. Албатта, номи ин ҳамаро наметавон тиҷорат ниҳод. Ин дуздии молу мулк ва пули миллат ва давлат аст. Ин дуздӣ аст. Дуздиву ғорате, ки дар сатҳи роҳбари давлат анҷом дода мешавад. Роҳбари давлат даромадҳои давлатро дар ихтиёри хонаводааш мегузорад.

Агар ба забони халқӣ бигӯем, Шамсуллову «Фароз» -у Эмомалӣ Раҳмон баковуи оши тайёранд. Оше, ки бояд онро мардуми Тоҷикистон бихӯрад, танҳо Шамсулло ва Эмомалӣ Раҳмон хурда истодаанд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.