Фаврӣ: 1 кушта ва 6 захмӣ дар тазоҳуроти Хорӯғ

Манобеи Аздо тв итттилоъ доданд, ки дар натиҷаи тирпарронии нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба сӯи тазоҳуркунандагон дар шаҳри Хорӯғ як нафар кушта ва 6 каси дигар захмӣ шудааст.

Акс аз навори видеоии тазоҳуркунандагон дар Хорӯғ

Гуфта мешавад, айни ҳол интернет ва тамоми анвои алоқа дар Хорӯғ қатъ шудааст, аз ин рӯ тафсилоти дақиқи бархӯрди шадиди нерӯҳои амниятӣ бо мардум дастарс нест.

Инчунин хабар расид, ки муҳоҷирон аз ВМКБ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, имрӯз дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ тазоҳурот карда, амалкарди нерӯҳои интизомии Тоҷикистон бо мардуми Хорӯғро маҳкум карданд.

Ҳоло дақиқ нест, ки пулиси Маскав касеро аз тазоҳуркунандагон боздошт кардааст ё не.

Субҳи имрӯз, 25-уми ноябр сокинони шарҳир Хорӯғ ба хотири кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа аз ҷониби маъмурони проукратураи вилоятӣ даст ба эътироз заданд.

Манбаи Аздо тв аз Хорӯғ хабар дод, ки ин ҳодиса шаби 24-ум ба 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматии Зиёбеков рух дод. Манбаъ гуфт, Зиёбеков тавассути кормандони прокуратураи вилоят аз ноҳияи сараш парронда шуд.

Аммо дафтари матбуоти пркуратураи ВМКБ дар изҳороте гуфт, Зиёбеков дар кофтуков қарор дошт ва бо маъмурони интизомӣ даргирӣ намуда, боздошт шуд. Мақомт аз кушта шудани ӯ чизе намегӯяд, аммо сокинон ҷасади ӯро ба шаҳри Хорӯғ бурда дар назди бинои ҳукумати шаҳр гузошта, даст ба эътироз заданд. Тазоҳуркунандагон аз мақомот талаб намуданд, ки муҷримон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.