Шаби душанбе ба сешанбе пас аз вуқуи заминларза дар шаҳри Карочии Покистон беш аз 200 зиндонӣ аз як зиндон фирор кардаанд.
Тавре расонаҳои покистонӣ аз мақомҳои расмии ин кишвар хабар медҳанд, пас аз вуқуи заминларза зиндониён аз зиндонҳо берун бароварда шуданд. Аз ин фурсат истифода бурда, 216 нафар фирор кардааст, ки баъдан 78 нафари онҳо боздошт шуданд.
Вазири адлияи вилояти Синди Покистон Зиёулҳасан Ланҷор ба расонаҳо гуфта, ки пас аз заминларза зиндониён ба маконҳои бехавф интиқол дода шуданд, сипас зиндониён аз нимаҳои шаби душанбе амалиёти фирорро шуруъ карда, то субҳи рӯзи сешанбе идома кардааст. Ӯ ҳамчунин афзуда, аз баски шумори зиндониён ба 1000 нафар мерасад, дар ҳолатҳои ғавғо идора кардани онҳо мушкил мешавад.
Як мақоми расмии пулиси Карочӣ Кошиф Аббосӣ гуфта, ки зиндониён ҳангоми фирор бо зиндонбонҳо даргир шуда, силоҳҳои онҳоро гирифта, ба сӯи дарвозаи калон шитофтаанд. Баъдан байни фирориён ва мақомҳои амниятӣ задухӯрд сурат гирифт, ки дар натиҷа як зиндонӣ кушта шуда, 3 маъмури амниятӣ захмӣ шудааст.
Гуфта мешавад, то ҳол ҳамаи фирориён боздошт нашудаанд ва амалиёти дастгирии онҳо идома дорад. Маҳомҳои пулис таъкид мекунанд, ки ҳеч кадом аз зиндониёни фирорӣ шомили гурӯҳҳои террористӣ нестанд ва ҳамаи онҳо дар ҷиноятҳои маводи мухаддир ё дигар ҷиноятҳои сабук даст доштанд.
Мақомҳои аршади ин кишвар мегӯянд, дар торихи Покистон ин бузургтарин амалиёти фирори зиндониён ба шумор меравад.