23.9 C
Dushanbe

Фишори кишварҳои ғарбӣ болои Исроил натиҷа медиҳад?

Кишварҳои бонуфузи аврупоӣ ва Канада талаб карданд, ки агар Исроил ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба вазъияти Ғазза таваҷҷуҳ накунад, чораҳои иловагӣ, ҳамчун таҳримҳои ҳадафманди иқтисодӣ ва сиёсиро ҷорӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазира”, 19-уми майи соли ҷорӣ раҳбарони Бритониёи Кабир, Фаронса ва Канада бо як изҳороти муштарак дар баёнияе ба Исроил ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи амалиёти густурдаи низомӣ дар Навори Ғазза ва сабук накардани муҳосираи ин борика, бо таҳримҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Кир Стармер, сарвазири Бритонё, Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Марк Карней, сарвазири Канада дар ин баёния амалиёти тамомнашавандаи низомии Исроилро дар Ғазза, ки боиси қурбониҳои зиёди ғайринизомиён ва вахомати шадиди вазъи башарӣ шудааст, маҳкум карданд. 

Онҳо дар баёнияи худ таъкид кардаанд, ки “ранҷи мардуми Фаластин дар Навори Ғазза ба ҳадди тоқатфарсо расидааст” ва идомаи ин вазъ қобили қабул нест.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки монеъ шудани Исроил ба расонидани кумакҳои аввалияи башардӯстона ба сокинони ниёзманди Ғазза, як амали ғайри қобили қабул буда, ҳамчун нақзи ошкори меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона арзёбӣ мешавад.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки Лондон, Париж ва Оттава ба таври қатъӣ мухолифи сиёсати тавсеаи шаҳракҳои яҳудинишин дар Каронаи Бохтарии ишғолшудаи Фаластин ҳастанд. Ин кишварҳо аз афзоиши хушунат ва зӯроварӣ аз ҷониби сокинони ин шаҳракҳо алайҳи фаластиниёни бумӣ изҳори нигаронӣ карданд ва ҳушдор доданд, ки “агар Исроил ба талабҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси вазъияти Ғазза таваҷҷуҳ накунад, аз андешидани чораҳои иловагӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҳримҳои ҳадафманди иқтисодӣ ва сиёсӣ, худдорӣ нахоҳанд кард.”

Ин баёнияи муштараки кишварҳои бо нуфузи ғарбӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки чанд рӯзе пеш кишвари Ҳолланд Иттиҳоди Аврупоро ба бознигарии дубораи тавофуқоти тиҷорӣ бо Исроил даъват кард. Ба ин дархости Ҳолланд 17 кишвари аврупоӣ ҷонибдор ва 9 кишвари дигар мухолиф раъй доданд.

Аммо Натанёҳу аз мавзеи ин раҳбарони бонуфуз интиқод мекунанд. Ӯ дар саҳфаи Х навиштасст: “Бо талаби поён додани ҷанги дифоии Исроил барои бақои худамон бар зидди терористҳои ҲАМОС раҳбарони Лондон ва Парижу Оттава як ҷойизаи бузург ба наслкушони 7-уми сентиябр медиҳанд”.

Дар идомаи таҳаввулот дар сиёсати раҳбарони ғарбӣ, дирӯз, 20-уми май Лондон эълон кард, ки гуфтугӯҳои тиҷорӣ бо Исроилро ба ҳолати таълиқ медарорад ва алайҳи он шаҳракнишинони ифротӣ ва созмонҳое, ки дар ташкил ва дастгирии амалҳои хушунатомез алайҳи аҳолии Каронаи Бохтарӣ даст доранд, таҳримҳои инфиродӣ ҷорӣ намояд.

Вазири умури хориҷии Бритонё Дейвид Ламмӣ мегуяд: “Исроил бо рафторҳои худ дар ҷанги Ғазза ва ҳимояти давлат  аз шаҳракнишинони ғайриқонунӣ бар зидди сокинони фаластинӣ, ба равобити байнамон латма задааст.”

Пас аз афзоиши фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ болои Исроил ин кишвар рӯзи душанбе 9 адад мошини боркашии дорои кумакҳои инсониро ба ин борика роҳ дод. Вале, ба гуфтаи бархе фаъолони маҳаллӣ, Исрол танҳо ба 5 мошин иҷозати вуруд ба Ғаззаро дод, ки дутои он танҳо кафан доштанд.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки агар кумак ба аҳолии Ғазза нарасад, 14000 навзоди фаластинӣ то 48 соати оянда дар маърази хатари марг ҳастанд ва ҳудуди ним миллион нафар дар Ғазза бо гуруснагӣ дуҷор ҳастанд.

Ёдовар мешавем, бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Ғазза аз оғози ҳамлаҳои бераҳмонаи Исроил ба ин борика то имрӯз 53 ҳазору 339 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70% онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Инчунин то ин муддат омори захмиён марзи 121 ҳазорро гузаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ, дар Ғазза қариб ки дигар беморхонае барои табобати захмиёну беморон вуҷуд надорад.

Бо инҳол, изҳороти муштарак ва таҳдиди таҳримҳо аз ҷониби муттаҳидони калидии Исроил, як гардиши назаррас дар мавқеи кишварҳои ғарбӣ нисбати муноқишаи Фаластину Исроил арзёбӣ мешавад ва фишорҳои байналмилалиро ба Телабиб барои хотима додан ба хунрезӣ ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Навори Ғазза боз ҳам афзунтар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Зикри номи рӯзноманигорони зиндонии тоҷик дар нишасте дар Олмон

Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ мудири расонаи Azda TV...

20 ҳазор ҷавон дар ҷабҳа – шаҳрвандӣ ба ивази иштирок дар ҷанги зидди Украина

Мақомоти Русия эълон карданд, ки 20 ҳазор муҳоҷире, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, ҳоло дар сафи пеш бо Украина меҷанганд.

Омодагии низомӣ барои қувваҳои захиравӣ дар Тоҷикистон. Сабаб чист?

Дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Хатлон давраҳои омодагии ҳарбӣ барои қувваҳои захиравӣ ва сокинони маҳаллӣ оғоз шудааст.

Муҳоҷири тоҷик дар Русия ҷони се кӯдакро наҷот дод

Як муҳоҷири 32-солаи тоҷик дар Русия бо номи Сайвалӣ Шарипов аз як хонаи оташгирифта се кӯдакро наҷот дод.