23.9 C
Dushanbe

Фишори мақомот болои Хуршед Фозилов

Мақомоти амниятии кишвар рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозиловро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки мақомот зерҳимояашро ба узвият дар созмонҳои мамнӯъ гумонбар карда, нисбаташ бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Аммо рӯзноманигори боздоштшуда иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт.

Ин моддаи ҷиноӣ, ки пештар чанд тан аз рӯзноманигорон равонаи маҳбас гашта буданд, аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бино ба навиштаи Самадова, рӯзноманигор Хуршед Фозилов дар аввал бо иттиҳоми итоат накардан ба амри корманди ниҳоди қудратӣ (моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) барои 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум ва дар бинои шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шудааст. Дар ин муддат аз ӯ дар бораи фаъолияташ пурсидаанд.

“Сабабаш ба гуфтаи Хуршед ин аст, ки ӯ дар аввал аз додан ва боз кардани телефон худдорӣ кард, вале баъдан маҷбур шуд, ки телефонро кушояд”,-менависад Самадова.

Кормандони амниятӣ зимни бозпурсӣ Хуршедро маҷбур кардаанд, ки алайҳи худаш шаҳодат диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.

Ин рӯзноманигор аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран нишондод додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст.

Пештар аз ин Хушбахт Фозилов, бародари ин рӯзноманигори боздоштшуда гуфта буд, ки Хуршед Фозилов ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” (моддаи 307, қисми 2, банди “г”) гумонбар аст. Пайвандони рӯзноманигор ин иттиҳоми мақомотро беасос хонда буданд.

Мақомот аз замони боздошти Хуршед Фозилов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.  

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд. Ҳоло ин рӯзноманигори тоҷик ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд инқол дода шудааст.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Пеш аз Хуршед Фозилов мақомоти тоҷик дар як соли охир ҳафт рӯзноманигори дигарро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд. Чанд тан аз ин рӯзноманигорон аз шиканҷаву фишор шикоят карда буданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.