Бо вуруди ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон ба рӯзи 17-ум ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, Доланд Трамп, раисҷумҳури Армрико аз баъзе кишварҳо хост дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд.
Трамп дар изороте гуфт, ки нефте, ки аз тариқи тангаи Ҳурмуз ба Амрико мерасад, ҳамагӣ 2 то 3 дарсад аст. Вале кишварҳое монанди Чин, ки 90 дарсади нефташон аз тариқи ин роҳи баҳрӣ ворид мешавад, бояд барои бозгушоии он вориди амал шаванд.
Трамп ҳамчунин дар хитоб ба муттаҳидони аврупоияш низ гуфт, ки “мо онҳоро дар Украина кумак кардем ва бояд онҳо низ дар ин марҳила ба мо кумак кунанд.”
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамлаҳо дар Эрон “ба хубӣ” пеш мераванд ва ба ҳуҷуми дигарбора ба Ҷазираи Хорки Эрон низ ишора кард. Ӯ гуфт, ки дар ҷазираи нефтии Эрон қариб ҳеч қувва ва таҷҳизоти низомии Эрон боқӣ намондааст.
Хабаргузории “Axios” ба нақл аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп навишт, ки ӯ изҳори умедворӣ карда, ки дар ҳафтаи оянда байни давлатҳо барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз як эътилофе ташкил мешавад.
Аммо аксари ин кишварҳои мавриди назар дархости Трампро рад карданд. Аз ҷумла, хабаргузории “Ройтерз” иттилоъ дод, ки вазири дифои Омлон Борис Писториус дар паёме гуфт: “Трамп интизор дорад чанд нови ҷангии хурди аврупоӣ битавонанд кореро анҷом диҳанд, ки новгони қудратманди Амрико аз уҳдаи он барнамеояд?” Вазири дифои Олмон таъкид мекунад, ки “Ҷанг бо Эрон ҷанги мо нест ва дар он иштирок нахоҳем кард.”
Ҳамзамон нахуствазири Британия низ дар изҳороте гуфт, ки “Британия дар ҷанг бар зидди Эрон ворид намешавад, вале барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз бо роҳҳои имконпазир талош мекунад.”
Ба навиштаи “Ройтерз”, сарвазири Британия бозгушоии тангаи Ҳурмузро “кори душвор” хонда, гуфтааст, ки кишвараш ба сӯи тангаи Ҳурмуз киштиҳои низомӣ намефиристад.
Ҳамчунин сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити гуфта, ки кишвараш нақшае барои фиристодани киштиҳои ҳарбӣ ба танги Ҳурмузро надорад. Ӯ ишора карда, ки ҳар гуна амалиёти амниятии баҳрӣ “аз нигоҳи ҳуқуқӣ бисёр душвор” хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол Сипоҳи посдорони Эрон дар эъломияе гуфта, ки ҳуҷум ба Ҷазираи Хорк муодилаи ҷиддиеро дар робита ба нархи нефт ва баровардҳои нефтӣ дар ҷаҳон тағйир хоҳад дод.
Баъзе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Амрико барои поёни ҷанг чанд гузина дорад: идома додан то раисдан ба аҳдоф, ё эълони пирӯзӣ ва баромадан аз ҷанге, ки ҳар ҳалза печидатар мешавад.
