17.9 C
Dushanbe

Фоидаи 10 миллиардаи ширкатҳои наздикону пайвандони оила

Ширкатҳои мансуб ба наздикону пайвандони оилаи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ озод шудаанд, аз ин ҳисоб ҳудуди 10 миллиард сомонӣ дар як сол фоида гирифтаанд.

Агнетии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” бо нашри як гузориш гуфтааст, “дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.”

Тиқби қонунгузории Тоҷикистон маънои “имтиёзҳои андозӣ –бартарияти андозсупоранда вобаста ба пардохт накардани андоз ё пардохт кардани онҳо бо андозаи камтар, ки дар қонунгузории андозӣ пешбинӣ шудааст, мебошад.” Ва “батаъхиргузори (тамдид)-и муҳлати пардохти андоз имтиёзи андозӣ ҳисобида намешавад.”

Бар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Кумитаи андоз онро нашр кардааст, дар феҳристи “Номгӯйи соҳаҳои афзалиятноке, ки ба онҳо имтиёзҳои андозӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои иловагӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд”, 22 соҳаро дар бар мегиранд, ки бахши соҳибкорӣ ва тиҷорат дар ин соҳаро аксаран ширкатҳои мансуб ба афроди хонаводаи Эмомалӣ Рамҳон ва ё наздикону пайвандони онҳо ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи коршиносон, додани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои ширкатҳо ва соҳибкорон хуб аст, агар ин сиёсат як барномаи мукаммале дошта бошад, ки тибқи он имтиёзҳо баробар тақсим карда шаванд, аммо дар низоми феълии Тоҷикистон аксар ба ширкатҳое имтизҳои андозӣ ва гумрукӣ дода мешавад, ки ё ба сурати мустақим ба худи афроди хонаводаи Эмомалӣ Рамҳон ва наздикону пайвандони онҳо рабт доранд ва ё ин, ки дар фоидаи онҳо ба шаклҳои мухталиф саҳм доранд.

Афроди наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз ин гуна имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ солҳо боз ба сурати фаровон истифода мекунанд. Барои мисол, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт зиёда аз 17 сол аз ин имтиёзҳо истифода кардааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, “фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда, ба сохтмони он ширкати “Исмоили Сомонӣ – асри XXI” машғул аст. Ба навиштаи “Азия-Плюс”, раиси ширкат Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ва бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст.”

Тибқи гузоришҳо, “моҳи марти соли 2019 Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди ҳукумат созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ширкати хусусии “Амирӣ” ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд.” Ин ширкат дар ҳоли ҳозир яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон Зарифбек Давлатов мебошад.

30-юми декабри соли 2020 парлумони Тоҷикистон ширкати “Ғаюр-Пак“, ки мутааллиқ ба Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломовро барои 5 сол аз пардохти молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда ё худ НДС озод карда буд. Акбар Ғуломов ҳамшаҳрии Эмомалӣ Рамҳон аз ноҳияи Данғара аст. Дар гузашта ширкатҳои дигари вай ба мисли “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал” низ чунин имтиёзҳоеро дар Тоҷикистон соҳиб шуда буданд.

Инчунин сол 2021 “Ҳукумати Тоҷикистон “Мармарӣ”, ширкати азимеро, ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод карда” буд. Ба қавли бархе манбаъҳо, ин ширкат мутаалиқ ба шарҳдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аст.

Гуфта мешавад, ширкатҳои дигаре, ки муталлиқ ба афроди хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, қудоҳо, домодҳо ва ё наздикону пайвандони онҳо ҳастанд ва аз имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ тайи солҳои ахир ба касрат истифода бурдаанд, кам нестанд. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам моҳи августи соли ҷорӣ дар нишасти хабариаш ба расонаҳо гуфта буд, агар ин имтиёзҳо намебуданд, наздик ба 3 миллиард сомонии дигар ба будҷети давлат ворид карда мешуд.

Аммо тибқи оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон дар баробари ин имтиёзҳое, ки ба бархе ширкатҳои бузург ва муфтхӯри наздикону пайвандони оилаи Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад, даҳҳо ҳазор ширкатҳои хурд ва навтаъсиси дигаре низ ҳастанд, ки бори гарони андозҳоро бардошта наметавонанд ва аз ин сабаб муфлис ва қарздор шуда, аз саҳна берун карда мешаванд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.