17.9 C
Dushanbe

“Freedom For Eurasia” сабаби марги Саидазам Раҳмоновро гуфт

Созмони байналмилалии “Freedom For Eurasia” (Озодӣ барои Авруосиё) марги шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Саидазам Раҳмоновро, ки дар Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздоҳт ва ба таври мармуз ҷон бохт, маҳкум кард.

Ба иттилои Созмони Freedom For Eurasia, Раҳмонов соли 2018 ба Олмон рафта, соли 2022 барои дарёфти паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Ӯ ҳамчунин бо як шаҳрванди Олмон издивоҷ карда буд. Бо вуҷуди ҳушдорҳои ӯ, ки бозгашт ба Тоҷикистон метавонад барои ҳаёташ хатарнок бошад, мақомоти Олмон ӯро маҷбур кардаанд, ки барои гирифтани визаи оилавӣ ба Тоҷикистон баргардад.

Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми кӯшиши сафар ба Русия, Раҳмонов дар фурудгоҳи Душанбе боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда шудааст. Мақомоти тоҷик рӯзи 13-уми октябр хабар доданд, ки ӯ “худкушӣ” кардааст. Аммо наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ҷасади ӯ нишонаҳои шиканҷа, аз ҷумла осори барқ, латтукӯб ва пои шикаста дида шудааст ва ба онҳо иҷоза надодаанд, ки ҷасадро аксбардорӣ кунанд. Дар ин бора azda.tv рӯзи 14-уми октябр хабар дода буд.

Ин созмон аз ҳукумати Олмон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват мекунад, ки тафтишоти мустақил ва шаффоф анҷом дода, сабаби марги Раҳмоновро рӯшан созанд ва аз такрори чунин фоҷиаҳо дар оянда ҷилавгирӣ шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муаллимон дигар “облава” намешаванд?

Ҳамаи муаллимони мактабҳо дар давраи фаъолияти касбии худ бояд дигар "облава" нашаванд.

Дар Ал-Фошири Судон чӣ мегузарад?

Бино ба иттилои Камисари ёрии кумакҳои инсонӣ дар Судон, Нерӯҳои зудамали ин кишвар 2 ҳазор ғайринизомиро дар шаҳри Ал-Фошир қатли ом карданд.

Дар Тоҷикистон аз ҳафтаи оянда ҳавои хокбориш пешгӯӣ мешвад

Аз 31-уми октябр то 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон эҳтимоли баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво пешбинӣ мешавад.

Патент дар Русия боз гаронтар мешвад

Мақомоти чандин вилояти Русия аз боло бурдани нархи иҷозатномаи корӣ (патент) барои муҳоҷирон дар соли 2026 хабар доданд.