25.9 C
Dushanbe

Freedom Now бори дигар аз Тоҷикистон озодии зиндониёни ҲНИТ-ро талаб кард

Созмони “Freedom Now” бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро фавран ва бечунучаро озод кунанд.

Freedom Now, як созмони ҳуқуқии мустақар дар Вашингтон рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳисоби “X”-и худ аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ ёдовар шуда, навиштааст, ки “3000 рӯз пеш мақомоти Тоҷикистон сиёсатмадор Маҳмадалӣ Ҳаит ва 12 узви дигари аршади мухолифинро боздошт кард. Онҳо бо иттиҳомоти сохта аз 14 сол то якумрӣ равонаи зиндон гардиданд. Мо даъват мекунем, ки онҳо фавран ва бечунучаро озод карда шаванд”.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамроҳи дигар раҳбарони ҲНИТ 16-уми сентябри соли 2015 боздошт шуда буд. Пас аз боздошт моҳи июни соли 2016 пушти дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе додрас Сатторзода А, ки он замон муовини раиси Додгоҳи олии кишвар буд, ҳукми ноодилона ва сангини аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро эълон кард. Бо ҳукми ӯ, аз ҷумла муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳукми абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Қиёмиддин Аввазов, Абдуқаҳҳори Давлат ба 28 соли зиндон, Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот дода буд, ба 2 сол ва дигарон аз 14 то 26 солӣ равонаи зиндон шуданд.

Гуфта мешавад, ҷараёни тафтиши парвандаи аъзои ҲНИТ ба таври махфӣ сурат гирифта буд ва дар рафти он шоҳидон ва боздоштшудаҳо мавриди фишору шиканҷаи фаровони мақомоти кишвар қарор гирифта буданд.

Мақомот сабаби боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ-ро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки 4-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуд, даст доранд. Аммо борҳо раҳбарияти ҲНИТ ва худи боздоштшудаҳо иттиҳоми мақомотро рад карда, онро барои дур кардани ин ҳизб аз саҳнаи сиёсии кишвар ва зиндонӣ кардани аъзои он номида буданд.

Дар ин муддат борҳо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.