Футболбози тоҷик ба бошгоҳи футболи Эстония пайваст

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе Табрези Давлатмир бозии худро дар “премиум-лига”-и чемпионати Эстония идома медиҳад. Дар ин бора ФФТ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ФФТ Футболбози 22-солаи тоҷик бо клуби Эстония “Нарва-Транс” шартнома бастааст. Дар клуби нави худ Табрези Давлатмир таҳти рақами 3 баромад хоҳад кард.

«Гузаштан ба ҳайати бошгоҳи футболи «Нарва-Транс» барои ман даъвати нав дар собиқаи бозигарӣ мебошад. Мехоҳам ҳар чи зудтар бо дастаи худ шинос шуда, тамринҳоро шурӯъ намоям. Бо истифода аз фурсати муносиб ба “Истиқлол”, ки дар ҳайати он чанд мавсим бозӣ кардам, изҳори сипосгузорӣ намоям. Ба бошгоҳи футболи душанбегӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонии КФО-2021 барору комёбӣ таманно дорам”, – гуфт Табрези Давлатмир.

Ёдовар мешавем, ки мавсими нави “премиум-лига”-и Эстония, ки дар он даҳ клуб иштирок мекунанд, 5 март оғоз меёбад.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе, 11-уми феврал, марҳилаи финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 (ФФТ) оғоз мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор сурат мегиранд.

8-уми феврал маросими қуръакашии Ҷоми ФФТ-2021 баргузор гардид. Дар марҳилаи финалӣ, ки аз 11 то 20-уми феврал доир мешавад, 8 даста ширкат хоҳанд кард.

Дар гурӯҳи “А” дастаҳои КМВА (Душанбе), “Равшан” (Кӯлоб), “Мастчоҳ” (Мастчоҳ) ва “Истиқлол” (Душанбе) бо ҳам бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи “Б” дастаҳои “Эсхата-2” (Хуҷанд), “Барқчӣ” (Ҳисор), “Хатлон” (Бохтар) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ворид шуданд.

Дар асоси низомномаи мусобиқа, дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳхат мегиранд. Қисмати финалии Ҷоми ФФТ-2021 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.