14.9 C
Dushanbe

“Гар хоҷаи мо хоҷа Ҳасан хоҳад буд”

Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вақтҳои ахир исмаш то ҳадде таҳти сояи домоду духтарҳои язнааш қарор гирифта буд, дубора сару калааш дар расонаҳо пайдо шуд. Бо ҳамон шаклу маъно ва бо ҳамон мазмуну моҳият: ғосиб, муфтхӯр.

Ин бор ин асосгузори методи ғасбҳои рейдерӣ дар Оилаи Раҳмон, ин дузди куҳнакори бособиқа бозори Панҷшанбеи Хуҷанд, дар маркази вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро тасарруф кард. Вай дар роҳи ғасбу тасарруфи молу моликияти дигарҳо ва бахусус дар Суғд моҳиртарин ва мумтозтарин ба ҳисоб меравад. Корхонаи тавлиди маводди кимиёвӣ ва ҳамин тавр «спиртзавод»-и тоҷири тоҷик Низомхон Ҷураевро дар Исфара гирифт ва ба маҳзи ин тасарруф ва ғасб беш аз 30 исфарагӣ зиндон ва худи Ҷӯраев гуреза шуд. Хонаи даҳҳо нафарро сӯхту ба пушташон дод, то ки аз ин ду корхона бигзаранд ва даромад ба ҷайби ӯ биравад.

Комбинати орди Қайроққум дар ин вилоятро ҳам, ки олитарин навъи ордро истеҳсол мекард, бо ҳамин усули ғасби рейдерӣ кашида гирифт ва чандин нафар, аз ҷумла мудири ширкати «Бахт» -Нуриддин Маҳкамов баъди 8 соли баҳсу даъво тавонист аз Ҳасан Асадуллозода  100.000 доллари худро бирӯёнад, аммо оқибат ӯро ҳам ба кунҷи зиндон кашониданд.

Дар соли 2005, баъд аз онки корхонаи тавлиди алюминиюм-ТАДАЗ-Талкоро ба тасарруфи худ даровард, Ҳасан Асадуллозода бо коршарикони собиқи он «Ансол» дар додгоҳи аълои салтанатии Бритониёи Кабир баҳсу даъво роҳандозӣ кард. Натиҷа ин шуд, ки ин баҳсро ба миллионҳо доллар бохт, ночор шуд бо роҳбарони ин ширкат «миравой» кунад. Вале аз бюҷети мамлакат танҳо барои ширкати адвокатӣ 120 миллион доллар пардохтанд. Чунин зарарро касе ба иқтисоди Тоҷикитон нарасонидааст. Вале ин ҳам дарди бахайр.

Давоми ҳамагӣ 10 ё 12 соли корандозии фаъолият (аниқтараш дуздии он) ширкати бузурги саноатии Тоҷикистон, ки яке аз манобеи умдаи таъминоти буҷҷа ва асъори хориҷӣ барои давлат буд ва солона то 450.000 тонна тавлидот ва 13.000 коргар дошт, комилан аз фаъолият бозмонд. Ҳоло он тамоман кор намекунад. Ҳамин ҷиноят бузурги зиддимиллии Ҳасан ва Раҳмон кофӣ аст, ки онҳоро барои абад зиндон кард. Ин корхона дар сол 1.200. миллиард доллар бештар гардиш дошт, ва тавлидоти 7 чархаи Норак ӯро таъмин мекард. Он дигар тамом шудааст.

Ҳудуди 200 млн. доллар пули саҳмияҳои аз роҳи иҷбор дар соли 2010 ҷамъоварикардаи Раҳмон ва ҳукумати вай барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун аз мардуми одӣ, корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷҷавиву ғайрибуҷҷавӣ барои самолёти «Боинг»-и «Сомон Эйр»-Ҳасан масраф шуд. Бархе аз онҳое, ки барои миллионҳо саҳмия харида буданд, дигар барои абад онро даъво карда наметавонанд, масалан Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати «Умед-88» ва ё  Умаралӣ Қувватов, раиси ширкати «Фароз», ки яке дар зиндон ва дуввумӣ дар Туркия ба шаҳодат расонида шуданд.

Ҳамин тавр тоҷироне мисли Зайд Саид, Илҳом Ҳотамови ботурободӣ, Исматулло Ҳаёев ва чандин нафари дигар, ки ба зиндон кашонида шуданд. Аммо ҳоло «Сомон Эйр» ва «Боинг»-ҳои вай, ки дар ин миён шуморашон ба чанд адад расидааст, муҳоҷирони кории тоҷикро бо нархҳои осмонӣ аз ватан ба Русия мебаранд. Ва, низ бо ҳамин самолётҳои Ҳасан будааст, ки дар соли гузашта ҳудуди 1.5 тонна тилло ва садҳо миллион доллар еврову доллар ба Дубай интиқол дода шуд.

Аммо фақат пули саҳмияҳои Роғун нест, ки Ҳасан дуздидаву самолёт харидаву бизнес карда бошад. Худи нерӯгоҳи Роғунро Ҳасан инак чандин сол аст, ки минҳайси як манбаи калони дуздиву тороҷ истифода мекунад. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ аз соли 2008-2009 дар ихтиёри ширкати «Роғун ГЭСстрой»-и Ҳасан Асадуллозода дода шуда ва суратҳисобҳои сохтмони он дар «Ориёнбонк» аст.  

«Роғун ГЭСстрой»-корхонаи бозмонда аз шӯравӣ буд, ки ба даҳҳо миллион, шоядам садҳо техникаи сохтмонӣ дошт. Онро дар соли 2007 Раҳмон ба Ҳасан дод, яъне хусусӣ кард, ба ҳамагӣ камтар аз 150.000 доллар. Акнун тамоми мудирияти сохтмон бар дӯши он аст. Дар ин муддат ҳамасола аз бюҷети мамлакат 200-220 миллион доллар ҷудо мешавад ва бо 200 миллион доллар пули саҳмияҳои халқ, ниммиллиард доллар авроқи гаронбаҳо-евробондҳо, ки дар бозори Амрико ва Аврупо фурӯхта шуд ва низ фурӯши филизот ва сангҳои қиматбаҳо ва пули аз мошинҳои сиёҳшиша ва “номерҳои крутой” ба дастомада ва низ 2 миллиард сомонии ҷудошуда дар соли ҷорӣ аз хазинаи давлат 4 миллиард долларро масраф кардааст.

Дар ҳоле, ки ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo SpA) ва ҳукумати Тоҷикистон  қарордодеро ба имзо расониданд, ки маблағи умумии сохтмони Роғун 3.9 миллиард доллар нишон дода шудааст. Ҳоло суол ин аст, ки барои гардон кардани ду чархаи Роғун ҳудуди 4 миллиард доллар, баробар ба ҳудуи 50 миллиард сомонӣ масраф шуд, бақия 4 трубин ва ё 4 чархаи он бо чи миқдор маблағ бунёд мешавад?

Роғун аз тарафи Ҳасан ҳам аз тариқи муҳосиботи дугона -двойное бухгалтерия ва ҳам тағйири нархҳо, масалан 1 тонна арматура дар асл 900, аммо дар санад 1400-1500 доллар сабт мешавад, талаву тороҷ шуда истодааст. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ то ҳамин акнун аз ҳисоби Роғун Ҳасан 1.5 миллиард доллар дуздидааст. Дар ҷараёни бозрасии соли 2016 аз тарафи Ожонсии зидди фасод 186 миллион сомонӣ пули дуздӣ аз Роғун ошкор карда шуд. Аммо ҳеҷ касро ба ҷавобгарӣ накашиданд, чун маълум аст,ки аксари ин пулҳоро Ҳасан дуздидааст.

ҶДММ “ширкати ҳолдинги «Исмоили Сомони–асри XXI век», ки Ҳасан Асадуллозода дар соли 2003 ташкил дод арсаи пахтапарварии Тоҷикистонро ба замини сиёҳ яксон кард. Вай тақрибан тамоми заводҳои коркардаи панба дар ҷануби Тоҷикистонро бо зӯрӣ аз моликонаш кашида гирифта нархи чиниши пахтаро комилан дар даст гирифт. Хулосаи ин кор ин шуд, ки ҳоло дар кишвар чизе бештар аз 100.000 тонна пахта истеҳсол мешавад, дар ҳоле ки то оғои фаъолияти ин ширкати Ҳасан аз ниммиллион тонна камтар истеҳсол намешуд, ҳатто дар ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ. Ин арсаро низ Ҳасан мисли корхонаи Талко маҳву нобуд кард.

Бар пояи маълумотҳои нашршуда, даромади солонаи Ҳасан, ки ба суратҳисобҳои оффшории вай ворез мешавад солона аз 700 то 800 млн доллар тахин зада мешаванд ва ҳоло дар ин ҳисобҳо наздик ба 7 миллиард доллар ҷамъ кардааст.

Аммо аввалин ғасби рейдерии Ҳасан «Ориёнбонк» аст, ки дар соли 2002 ба амал омад. Вай бо супориш ва дастгирии язнааш Эмомалӣ Раҳмон ин бонкро аз бонкир Иззат Идиев ба зӯрӣ мегирад. Ӯро барои тахминан ду сол зиндонӣ ҳам мекунанд. Вақте ӯ мебинад, ки дигар илоҷ нест «контролний пакет»-и аксияҳои бонкро ба номи Ҳасан карда имзо мегузорад ва сипас аз зиндон раҳо мешавад. То ин вақт Ҳасан раиси Биржаи давлатии молу ашё буд. Аммо қабл аз он, қабл аз онки язнааш ба қудрат ояд дар Ховалинг бо падараш чупонӣ мекард ва як дар як автозаправка ҳам қаровул будааст.

Ҳоло бонки «Соҳибкорбонк»-ро ҳам Ҳасан назорат мекунад. Ин бонк «Тавҳидбонк» номгузорӣ шудааст ва аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон аст. Муҳиддини писари Ҳасан, ки 25 сол дорад муовини раиси ин бонк аст.

Инҷо метавон аз садҳо корҳои ҷиноии Ҳасан намунаҳои фаровон овард, ки чӣ гуна корхонаҳои афроди алоҳида ва давлатиро ғасб ва тасарруф кардааст. Аммо ба як нукта шак надошта бошед, ки Ҳасан асосгузори ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон аст ва ин ҳама ғасбу азонихудкуниҳои амволи дигарон аз тарафи Ҳасан таҳти ҳимоят ва роҳнамоии мустақими Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Раҳмон ва наздикони вай давлати Тоҷикистонро рӯирост дуздида истодаанд. Шарм дар чеҳраи чарбубастааш нест. Нони даҳони дигарҳоро кашида мегирад. Нафсаш таг надораду чашмаш серӣ. Тамоман изо намекашад. Кас ҳайрон мешавад, ки Ҳасану Эмомалӣ Раҳмон ва қабилаи онҳо байни мардум чӣ гуна мегашта бошанд? Корашон дуздӣ ва ғорат ва ғасб. Мисли ҳайвонҳои даранда, ки зӯраш камзӯрашро мехӯрад. Бовар кунед инҳо дар давлат обрӯ намонданд. Инҳо бо ин рафтору амали худ давлатро ба як дуздхона табдил кардаанд.

Вақте Ҳасан чунин аст, вақте Таҳминаву Зарифбек, чунинанд, вақте Ҷамолиддину Озода….хулоса то Заринаву Фарзонаву Сомонӣ чунинанд, то Амриддин Нахшову диграу дигараш чунин аст, пас аз масъулони сатҳи вазорату вилояту ноҳияву ҷамоатҳо чӣ гила ва онҳо чӣ ибрат бигиранд? Инҳо аз аввал то ба анҷом ҳаминкораанд, давлатро барои ғорату истисмор истифода карда истодаад.

Ҳамин саволи одӣ дар сари тамоми мардуми Тҷикистон чидар дохил, чи дар Русия ва чи дар Қазоқистон ва чи дар Урупо давр мезанд, ки ин тоифа аз худи Раҳмон гирифта то ҳамин Амридин Нахшову дигару дигараш бо ин миллат, бо ин мардум, бо ин меҳан, бо ин давлат чи кор карданианд? Гумонашон ин аст,ки ин миллат ва ин мардум тамоман мурданд? Оё дар ҳақиқат ҳама мурдаем?

Инҷо феҳристи фишурдаи корхона ва ширкатҳои Ҳасан Асадуллозодаро меоварам:

«Ориёнбонк», «Сомонайр», «Тавҳидбонк»,  «Исмоили Сомонӣ–Асри XXI»,  «Сомон-Душанбе», (дар таркибаш заводи арматур, ЖБК, «Вторчермет», заводи кабел дорад) «Сомон-Суғд», « РоғунГЭСстрой», ОАО «ТГЭМ»  «Талко», «Талко-менеҷмент», « CDH» ҶДММ «Талко Голд», «ООО «Талко Флюорит», Сомон-Каенем, «Сомон-Ойл», ОАО «Комбинати масолеҳи бинокории Исфара», ДП «Шурообод», «Ангишти Тоҷик», ООО «Истиклол», ООО «Суғд – семент», ООО «Мармари Панҷруд», «Сомонсохтмонсаноат», ООО «Тофик сохтмон манбаъ», «Сомонфон», ООО «Хатлон сохтмон – Х», ООО «Сангмайдакунии Сомон», ООО «Авиценна», ООО «Паймони Суғд», ООО «Бунёди роҳ».

Гуфта мешавад, ки Ҳасан Асадуллозода беш аз даҳ сол ба ҳисоби раиси Идораи Роҳи оҳани Узбакистон 1 миллирад доллар сари ҳар тонна 45 долларӣ гузаронида будааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Узбакистон роҳҳоро баст, газро қатъ кард, роҳи оҳанро бурид, низоми ягонаи электрикии давраи шӯравиро канд. Тоҷикистонро дар бунбаст қарор дод ва бахусус бар зидди Роғун компайни шадид ташкил кард. Аммо барои Ҳасан ин муҳим буд, ки гӯр сӯзад ҳам дег ҷӯшад.

Ҳасан, чуноне ба ҳамагон маълум аст, асосан аз ҳисоби дигарҳо пул ва сарват ҷамъ кардааст. Дар соли 2019 вақте «Тоҷикматлубот» асноди «Бозори Панҷшанбе» дар Хуҷандро таҳти шак қарор дода ҷиҳати бекор кардани ҳуҷҷатҳои хусусисозии он ки 20-у чанд сол пеш сурат гирифта буд? Ба додгоҳ муроҷиат кард, ҳамагон мегуфтанд, ки дар паси ин кор ҳатман яке аз аъзои Оилаи Раҳмон истодааст. Зеро соҳибони бозор онро борҳо навсозӣ карда ва ба талаботи шароит рӯз мутобиқ карда буданд ва касе аз бозор шикоят надошт бозор даромади калон ҳам дошт.

Аммо он замон ва имрӯз ҳам «Тоҷикматлубот» сирри пӯшида нигоҳ медошт.Вале ба ҳар сурат маълуум шуд,ки дар паси моҷарои наздик ба се соли ин бозор Ҳасан Асадуллозода меистодааст. Барои онки вай соҳиби ин бозор шавад,ниҳодҳои давлатӣ, «Тоҷикматлубот»,Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хуҷанд ва вилояти Суғд, Судҳо ва ғайра даст ба кор шуда ҳамагӣ пушти Ҳасанро гирифтанд. Чунки язнаи Ҳасан Эмомалӣ Раҳмон,раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва вай шахсан фармон медиҳад, ки бозорро аз дасти соҳибаш кашида гирифта ба Ҳасан диҳанд.

Инки соҳиби он чи қадар сарф кард ва инки ӯ ва хонаводаи ӯ чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард, муҳим нест. Дар инҷо бояд фақат Раҳмон ва Оилаи вай зиндагӣ бикунанд. Фалсафа ва моҳияту мазмуни давлатдории ин қабила ҳамин аст. Онҳо бояд сер бошанд, дигарҳо чи ҳол хоҳанд дошт, корашон нест. Агар бинои сохтаи шумо ба Ҳасан ва ё Муҳибуллои бародараш писанд шуд, бояд холӣ карда диҳед.

Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи вай, бахусус Ҳасан Асадуллозода ҳеҷ гоҳ азоби виҷдон намекашанд, ки навола ва луқмаи даҳони худу бачаҳояшон аз они дигарҳо ва хунолуда ва ашколуда аст. Онҳо ҳаминтавранд.

Ҳоло акнун Ҳасан Асадуллозода соҳиби бозори Панҷшанбеи Хуҷанд шудааст, ин ба он монанд аст, ки як чукча омадаву Путинро бигӯяд, ки бархез «навбати мо омад», бидуни онки биандешад, аз уҳдаи кор мебарояд ё не?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.