Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.
Дар пасманзари афзоиши бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон, ки дар баъзе минтақаҳо то ба 50 дараҷа мерасад, сокинон аз набудани шароити муносиб дар нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус троллейбусҳо изҳори нороҳатӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳавошиносӣ, дар чанд рӯзи охир ҳарорат дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар аз 40 дараҷа гузашта, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва шоҳроҳҳо то ба 50 дараҷа ҳам расидааст.
Бо вуҷуди ин, дар бисёре аз мошинҳои мусофиркаш – автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо – системаи хунуккунӣ (кондиционер) фаъол нест. Яке аз шаҳрвандон дар шабакаи Facebook навиштааст: “Дар дохили троллейбус мисли сауна аст. Кондиционерҳо тамоман фаъол нестанд ва мусофирон ба сахтӣ ин гармиро таҳаммул мекунанд.”
Танқидҳо бештар ба самти ниҳодҳои коммуналӣ ва нақлиётӣ равона шудаанд, ки ба гуфтаи мардум, барои мутобиқ кардани инфрасохтор ба шароити иқлимии нав чораҳои зарурӣ намеандешанд.
Гармои шадид ба саломатии мардум, бахусус кӯдакон, пиронсолон ва беморон хатарзо буда, ниёз ба чораҳои таъҷилӣ дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои кишвар бештар мешавад.