22.9 C
Dushanbe

Вокуниши расонаҳои ҷаҳон ба “гилагузорӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон

Муроҷиат ё худ гилагузории Президенти Тоҷикистон пас аз ҷаласаи расмӣ дар нишасти “Осиёи Марказӣ+Русия” ба Президенти Русия Владимир Путин дар рӯзҳои ахир сару садоеро дар ВАО-и олам ба по хезонд. Ҷустуҷӯе оиди ин мавзӯъ чунин нишон дод, ки қариб тамоми ВАО-и олам аз ин суханронӣ истифода ва иқтибос гирифта, бо унвонҳои аҷоибу ғароиб онро мавриди баҳс қарор додаанд.

Хабаргузории

Дар сомонаи MCN-и амрикоӣ бо забони англисӣ омадааст: “Ҳоло Путин бояд лексияҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро бишнавад, ки раҳбари Русияро сарзаниш мекунад”. “Аз тарафи Президенти Тоҷикистон сарзаниш шунидани Владимир Путин  нишонаи дигаре аст, ки диктатори Русия эҳтиром ва нуфузи худро дар ҳавлии худ аз даст додааст.”

Дар ҳоле, ки ВАО-и олам ин суханҳои бесару нӯги Президенти Тоҷикистонро бо унвонҳои пуртумтароқу болохонадор дар саҳифаҳои худ таҷассум мекунанд, мухолифони режими Раҳмонов ба ин суханронии ӯ назари дигар доранд.

Яке аз мухолифони режими Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев дар канали ютубии худ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Русия: ноз ё талоқ” оиди ин суханронӣ чунин андеша дорад, ки “шояд Эмомалӣ ин суханҳояшро бо мушовиронаш ва шахсони наздикаш маслиҳат карда, ҳатто машқ карда бошад”. Инчунин Атавуллоев ба нақл аз журналисти рус иброз дошт, ки “ин муомилаи Раҳмонов барои мо ғайричашмдошт буд. Агар ин суханонро Эмомалӣ Раҳмонов дар замони дигар ва дар макони дигар мегуфт, мушкил надошт. Аммо дар рӯзҳое, ки пои Русия, пои Москав дар мӯза тангӣ мекунад дар рӯзҳое, ки ними дунё ва бештари дунё бар зидди Маскав аст ва шахсан бар зидди Путин аст, ин амали Эмомали Раҳмонро мо ҳамчун як “шаппотӣ” қабул мекунем.”

Аммо ин мухолифи режим суханронии Эмомалиро ба “гилаи бародар ба бародар” шабоҳат медиҳад, ки ҳангоме бачаҳояшон зиёд шуд, зиндагӣ мушкил шуд ва бародари кӯчак ба бародари бузургаш шиква мекунад, ки 30 сол ин тараф мо бародар ҳастем, аммо ту барои мо коре накардӣ”.  

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари Паймони милли Тоҷикистон, ки дар шабакаи Ютуб таҳти унвони “Шикояти Э. Раҳмон ба Путин. Барои роҳбари як кишвари мустақил ин айб аст”, суҳбат кард. Ӯ ба ин назар аст, ки суханронии Раҳмонов дар сатҳи хеле паст аст ва на ба сатҳи як раисҷумҳури мустақил, балки  ба сатҳи директори як колхоз баробар аст. Ӯ чунин иброз медорад: “Агар тасаввур кунем, ки Эмомалӣ раиси як колхоз аст ва Владимир Путин раиси вилояти Хатлон, баромади Эмомалӣ воқеан қаҳрамонона мебуд”.

Ӯ зимни баромади худ суол мегузорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ба ҳайси кӣ ҳузур дошт? Дар ҷавоби ин суол худи ӯ ҷавоб медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаста буд. Президенти як давлати мустақил, як миллати мустақил, ки 30 сол ин тараф ӯ роҳбари ин давлат аст ва ин кишвар, ин миллат мустақил аст ва дар Созмони Милал курсӣ дорад, раъй дорад, парчам дорад ва парчамаш болотар аз парчами Русия аст, аммо Русия пешво надорад, дар Русия болотарин мансаб Президенти Федератсия Русия аст, вале Тоҷикистон пешво дорад, болотар аз Президент боз пешво дорад.”

Ӯ иброз дошт, ки дар ин суханронӣ сӯҳбати ду бародар, дӯст, ба қавли баъзеҳо ғулом дар назди хоҷа, як шахси рашкин ва ҳар чизи дигар вуҷуд вуҷуд дошт, вале сӯҳбати президенти як кишвари мустақил ва раҳбари як миллати мустақил дар баробари ҳамтои худаш дида намешуд.

Дар шабакаи Ютуб дар телеканали ICTV-украинӣ таҳти унвони “Раисҷумҳури Тоҷикистон Путинро ба ҷои худ шинонд-вай хомӯшона сар ҷунбонд”, баъзе аз корбарон ин суханрониро ба боди масхара кашида чунин иброз доштаанд: “Мо кишвари бой, вале китобҳои дарсӣ намерасад”. “Путин асабӣ мешавад, ин аз лабҳои вай маълум аст”. “Ӯ мехоҳад ба вай пул диҳанд, то наберагонаш дар Дубай хона харанд ва ҳатто агар ба ӯ пули тамоми дунё дода шавад, ӯ ҳамаро медуздад ва боз мепурсад”. “Дар оила фарзондон набояд ба дӯстдошта ва дӯстнадошта ҷудо шаванд, бояд ҳамаи онҳо баробарҳуқуқ бошанд”. “Барои ин ки туро эҳтиром кунанд, бояд боқувваттар, боақлтар, некӯкортар, озодтар бошӣ ва косалесӣ накунӣ”.

Аз ин суханронӣ, ки ба назари баъзеҳо қаҳрамонӣ ҳисобида шуда ва ба назари баъзеҳо хеле дар сатҳи паст қарор дорад, чунин эҳтимолҳоро низ пеши назар овардан мумкин аст:

1)Шояд Эмомалӣ, ки чандин вақт ин тараф кӯшиш дорад Рустамро дар паҳлӯи Сардор бинад, каме аз номеҳрубонии Путин ба хашм омада бошад. Агарчи ӯ ҳурмат кардани Осиёи Миёна ва миллатҳои хурдро зикр карда бошад ҳам, дар суханронияш як ситезе ба давлатҳои Осиёи Миёна низ дошт.

2)Шояд бо ин гуфтаҳояш Эмомалӣ мехост, ки агар ту (Путин) ба мо беэътиноӣ намоӣ, Чини ҳамсояам омода аст Тоҷикистонро бо пуррагӣ харидорӣ намояд.

Ҳаминро бояд эътироф кард, ки ин суханронӣ монанди як таркише буд, ки чанд рӯз ин тараф мавзӯи баҳси миллионҳо одамон гардид. Чунон ки халқи тоҷик мегӯяд “Аз кулӯх ҳам оташ мепаридааст”.

Абдуллоҳ Мурод

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.