Гуфтугӯи Сарони Тоҷикистону Созмони Миллал

Президенти Тоҷикистон дар давоми камтар аз даҳ рӯз ду бор бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи “саркӯби бадахшониҳо” суҳбат кардааст.

Хадамоти матбуоти Президент иттилоъ дода, ки дирӯз, 1-уми сентябри соли 2022 Сарони Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид “дар бораи  ҳамкориҳои оянда” ва “таъмини сулҳу субот” телефонӣ суҳбат карданд.

Ин суҳбати телефонӣ дар ҳоле анҷом шуда, ки ба қавли котиботи Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерриш 26-уми августи соли ҷорӣ низ дар бораи “мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ” гап зада буданд.

Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон мухолифони ҳукуматашро “терросту ифротгаро” медонанд ва бо баҳонаи “таъмини сулҳу субот” дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ мақомот бо дастури Президент дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон наздик ба 100 нафар аз эътирозгаронро қатли ом ва зиёда аз 300 нафари дигарро мавриди боздошту бозпурсиҳо қарор доданд.

Аз сӯи дигар маҳкум кардани ҷамъе аз фаъолони бадахшонӣ, ки бо иттиҳомоти мухталиф боздошт шудаанд ва ба солҳои тӯлонӣ маҳкум кардани онҳо ба зиндон дар Тоҷикистон фаъолони тоҷикистонӣ ва бахусус бадахшониро ҳам сахт нигарон кардааст.

Инчунин мақомот дар ин муддат иддае дигаре аз фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз Русия ва дигар кишварҳои пасошуравӣ дуздида ба Тоҷикистон истирдод карданд ва сипас пушти дарҳои баста онҳоро низ ба солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кардан. Ин амали мақомот низ вокуниши ҳомиёни ҳукуқи башар дар Тоҷикистон ва хориҷ аз онро ба бор овардааст.

Шоҳзода Карим Оқохон, ки раҳбари маънавии исмоилиёни ҷаҳон ва аз он ҷумла шиаёни исмоилӣ дар Бадахшони Тоҷикистон шинохта мешавад, дар сатҳи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ лоббиҳои зиёде дорад ва ба гуфтаи бархе коршиносон таъсири ҳамин лоббиҳо буд, ки як моҳ пеш Парлумони Аврупо бо аксарияти оро амалкарҳои мақомоти Тоҷикистон дар қиболи бадахшониҳоро маҳкум кард.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, содир шудани ҳукмҳои ноодилона ва ё ба қавле “говсуд” кардани фаъолони бадахшонӣ ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндонҳо кардани ишон “хашм”-и раҳбари исмоилиёнро дар сатҳҳои мухталиф ба бор овардааст ва акнун ғайри мустақим мехоҳад Эмомалӣ Раҳмонро зери фишор қарор диҳад.

Аз сӯи дигар, Созмони Миллали Муттаҳид яке аз кафилони суҳл дар Тоҷикистон буд, вале вақте Ҳукумат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф ва онро террористӣ эълон кард, амалан ҳеч коре накард, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳонӣ зери фишор қарор диҳад.

Аммо акунун вақте кор ба дасти лоббиҳои Оқохон уфтодааст, мебинем, ки Президенти Тоҷикистон дар ҳар ду суҳбатҳои худ  “илтиҷо” карда мегӯяд, “омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи  ҳамкориҳои созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он” хоҳонем.

Гуфта мешавад, матн, муҳтаво ва ҳатто сохтори ҷумлабандӣ дар ҳар ду суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гутерриш, ки дар давоми як ҳафтаи ахир анҷом шуданд, зиёд фарқ намекунад, вале чун дар ин авохир масъалаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигарониҳои зиёдтареро дар минтақа ба бор овардааст, котиботи Президет бо зикри масъалаи Афғонистон “қасдан” таваҷҷуҳро ба дигар сӯ ҷалб кардан хостааст, вагарна асли гап дар ин суҳбатҳо ҳамоно масъалаи идомаи саркӯби бадахшониҳост.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои АЗДО тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза вазъи инсониро бадтар кардааст

Бо вуҷуди барқарории оташбас ҳамлаҳои низомии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза идома дошта, вазъи башардӯстона дар ин борика боз ҳам бадтар мешавад.

Ҳамсари “Фирдавс Киллер” хабари марги ӯро рад кард

Хабари кушта шудани Фирдавс Салоҳов, як зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар ҷанги Украина, ки рӯзҳои охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, аз сӯи ҳамсари ӯ рад шуд.

Пас аз эълони Трамп нархи ҷаҳонии нафт беш аз 7 дарсад коҳиш ёфт

Нархи ҷаҳонии нафт пас аз он ки президенти Амрико Доналд Трамп аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон даст кашид, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Дар Суғд блогерон барои “фаъолияти ғайриқонунӣ” даҳҳо ҳазор ҷарима шуданд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти андози вилояти Суғд 17 блогерро барои "фаъолияти соҳибкорӣ бидуни сабти номи давлатӣ" гунаҳкор дониста, дар маҷмуъ 96,7 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.