Шоми 26-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Вошингтони Амрико, наздик ба Кохи Сафед ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа ду узви Гвардияи миллии ИМА захмӣ шуданд.
Бар асоси гузориши The Washington Post, ҳамла чанд қадам дуртар аз Кохи Сафед рух дода, ҳар ду сарбози Гвардияи миллӣ дар ҳолати хеле вазнин ба беморхона интиқол ёфтанд. Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, гумонбар як марди 29-солаи шаҳрванди Афғонистон бо номи Раҳмануллоҳ Лаканвол буда, ки баъди тирпарронӣ боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, муҳоҷими боздоштшуда Раҳмонуллоҳ Лакнавол пеш аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон дар як пойгоҳи низомии таҳти ҳимояти Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) дар Қандаҳор ҳамкорӣ мекард.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки ин мард чор сол пеш дар давраи суқути Кобул ва расидани Толибон ба қудрат, дар чорчӯби амалиёти махсуси хориҷ кардани муттаҳидон ба ИМА интиқол ёфта буд. Ӯ то ҳодиса дар иёлати Вашингтон мезист ва мақоми паноҳандагӣ дошт.
Ба навиштаи Fox News, мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ҳамла “ҳадафмандона” анҷом шудааст ва гумонбар танҳо амал кардааст. ФБР ҳодисаро ҳамчун як амали эҳтимолии террористӣ таҳқиқ мекунад.
Рӯзи ҳамла, президенти ИМА Доналд Трамп миллияти гумонбарро тасдиқ карда, дар изҳороти шомгоҳияш гуфт, ки Лаканвол дар давраи маъмурияти Ҷо Байден ба ИМА роҳ ёфта буд. Трамп ин ҳамларо “иқдомоти шарурона аз сари нафрат ва террор” унвон кард.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса ба сиёсатҳои муҳоҷиратии Амрико эҳтимол таъсир мегузорад. Ба иттилои расонаҳо, Иёлоти Муттаҳида аллакай қабул ва баррасии тамоми дархостҳои муҳоҷиратии шаҳрвандони Афғонистонро муваққатан боздоштааст, то протоколҳои амниятиро аз нав баррасӣ кунад.
