26.9 C
Dushanbe

Гунаҳкори фоҷеаи Кӯлоб кист: Ронанда ё ҳукуматдорон?

Гузоришҳо аз шаҳри Кӯлоб ҳикоят аз он мекунанд, вазъияти саломатии панҷ нафар аз маҷрӯҳони ҳодисаи маргбори шоми 6-уми августи соли ҷорӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

7-уми августи соли 2023 Орзӯ Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ба расонаҳо гуфт, вазъияти саломатии панҷ нафар аз маҷрӯҳон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ба қавли Орзӯ Ҳамидиён, дар пайи фоҷеаи маргбори шоми 6-уми моҳи ҷорӣ “ҳудуди 10 нафар аз дунё гушзаштанд, панҷ нафар дар ҳолати вазнин, панҷ нафари дигар дар ҳолати миёнаи вазнин ва 2 нафари дигар дар шакли нисбатан сабӯктар дар хона табобат гирифта истодаанд.

Шоми ҳамон рӯз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ пеш аз анҷоми таҳқиқот хабар дод, ки ин ҳодиса ба сабаби “аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта” аст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳам бо интишори як изҳори тасаллияти “истисноӣ” дар бораи сабабҳои ин ҳодиса гуфт: Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи СССР ва аз мубаллиғони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо нашри як гузориши видеоӣ аз ҷои ҳодиса гуфт, ки ин мошини боркаш 90 тонна молу маҳсулот доштааст. 50 тонна дар дохили худаш ва 40 тоннаи дигар дар “прицепаш”. Ӯ таъкид мекунад, бар асари 11 мошини сабукрав ва се манзили истиқоматӣ вайрон шудаанд.

Ин қадар бори гарон ҳамл кардани мошинҳои борбар ва он ҳам мутааллиқ ба яке аз ширкатҳои мансуб ба домоди Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки ба гуфтаи журналист Рустами Ҷонӣ: “Моҳи апрели соли 2023 ҳукумат қарор баровард, ки мошинҳои (борбар) аз 40 тон бештар бор ҳамлу нақл накунанд.”

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони ПМТ дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, “мошини боркаше, ки дар шаҳри Кӯлоб ба садама дучор шуд ва боиси марг ва ҷароҳати сокинон гардид соли 2011 аз ҷониби ширкати “Голд тур транс”-и мутааллиқ ба худи ӯ ва Умаралӣ Қувватов аз Чин харидорӣ шуда буд ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ муҳлати истифодаи боркашонӣ аз ин мошин панҷ сол муқаррар шудааст”.

Шарофиддин Гадоев меафзояд, ки баъд аз мусодира шудани молу мулки мутааллиқ ба ӯ ва Умаралӣ Қувватов, ҳоло ин мошинҳои боркаш ба ширкати ҶДММ “Кафолат Воридоту Содирот”-и Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хидмат мекунанд. 

Ба гуфтаи ӯ, ронандаи ба садама дучоршуда пеш аз роҳ баромадан масъулини ширкатро хабардор карда буд, ки “колодкиҳо”-и мошин 35% қобили истифода ҳастанд, аммо масъулини ширкат ба вай гуфтаанд, ки “як сафари дигар анҷом деҳ баъд мушкилатро бартараф хоҳем кард”.  Мошин дар ҳолати садамавӣ ба сафар баромадааст.

Инчунин Шарофиддин Гадоев дар идомаи суҳбаташ таъкид кард, ки дар китобчаи техникии ин мошинҳо қайд гардидааст, ки танҳо 18,5 тонна бор бардошта метавонанд, аммо ширкатҳои мутааллиқ ба домоди раисҷумҳур дар ин мошинҳо як баробар бештар, яъне 36-40 тонна бор ҳамл мекунанд то даромади бештар ба даст оранд ва ин боиси аз кор мондани системаи бехатарии бе инҳам фарсудаи мошинҳои куҳна мегардад. 

Ба гуфтаи Шарофиддин Гадоев мошинҳои боркаш набояд бо чунин ҳолати техникӣ ба роҳ бароянд, аммо чун нуқтаҳои ташхиси техникии мошинҳо ба мисли ширкати “Рушди Рохнавард”, ки ба Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад, ба мошинҳои мутааллиқ ба дигар ширкатҳояш иҷоза медиҳад, ки бар хилофи қонунгузории Тоҷикистон ва қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ корҳои ҳамлу нақлро анҷом диҳанд.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ҳаракати “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев бо зери суол бурдани ҳама сабабу иллатҳои дар боло овардашуда бо нашри як матлаб мегӯяд:”Оё метавонад пахш кардани мардум амали пешопеш тарҳрезишуда бошад? Ронандаи норозӣ аз сиёсатҳо ва бозиҳо, хастагӣ ва ноҳаққиҳо барои интиқом ба камикадзе – интиҳорӣ бадал гардад?!”

Раҳбари ҳаракати “Ватандор” таъкид мекунад, ки “дараҷаи норозигӣ, бадбинии ҳукумат, эътироз, нафрат, ғазаб дар Тоҷикистон ҳоло ба ҳадде расидааст, ки норозиён метавонанд ба ҳар амале даст зананд. «Аз чунин зиндагӣ мурдан беҳ!»- чунин суханонро ҳар рӯз мешунавам. Вай гапашро хулоса карда мегӯяд: “Ду мошин ҳоло дар рӯ ба рӯи ҳам қарор доранд. Мошини зулму ситами ҳукумат ва мошини нафрати миллати гушнаву овораву беҳуқуқ. Тормози кадоме аввал шуда мешиканад?!”

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои мухолифин ба мисли Паймони Миллии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба ҷуз ибрози ҳамдардӣ ба пайвандон ва дархости шифо барои маҷрӯҳон дар бораи сабабу омилҳои он дигар чизе нагуфтаанд.

Аммо хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ваҷҳҳои овардаи Вазорати корҳои дохилӣ ва котиботи президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишварро ба навъе изҳороти “аҷулона” хонда гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо ба хотири сарпӯш гузоштан ба асли ин фоҷиа ва дур задани афкори омма саросема вориди майдон шудаанд. Дар асл тамоми сардорони ниҳодҳои масъуле, ки ба сабаби бемасъулиятии онҳо ин ҳодиса рух додааст, ҳама бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мошини боркаш ва ё ҳамон “дулан”-е, ки шоми 6-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 11 худрав ва се хонаро зер карда, боиси марги ҳудуди 10 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 14 нафари дигар шуда буд, мутаалиқ ба яке аз ширкатҳои зертобеи ширкати “Фароз” мебошад. Ширкати “Фароз” яке аз ширкатҳои домоди Эмомалӣ Раҳмон Шамсуллу Соҳибов аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.