32.9 C
Dushanbe

Ғурбатӣ зери фишор ба “гуноҳ” иқрор шудааст

Рӯзноманигори зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду ҳафта пеш аз эълони ҳукм “зери фишор” ва “бо ваъдаи озодӣ” дар наворе иқрори гуноҳ кардааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз боздоштгоҳи муваққатии Душанбе, менависад, ки “Маъмурони умури дохилӣ Абдуллоҳ Ғурбатиро зери фишор ва бо ваъдаи инки озод хоҳанд кард, дар назди дурбин ба суҳбат маҷбур намуданд ва гуфтанд, суҳбаташ дар телевизиони давлатӣ пахш хоҳад шуд”.

То ҳол Вазорати корҳои дохилаи кишвар ин қазияро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол пайвандони ин рӯзноманигори ҷавон низ ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда, гуфтаанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба онҳо низ хабар додааст, ки маҷбуран дар назди дурбини видео “суҳбатҳои зиёд кард” ва агар он нашр шавад, ба ягон суханаш бовар накунанд.

Гуфта мешавад, навори сабткардаи кормандони ВКД то ҳол дар ҷое нашр нашудаааст ва маълум нест, дар мурофиаи додгоҳӣ истифода шудааст ё не.

Мурофиаи ахири рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳафтаи пеш дар боздоштгоҳ пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури пайвандонаш сурат гирифта буд. Додгоҳ ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Пайвандонаш аз ин ҳукм розӣ нестанд ва вакили дифои ин рӯзноманигор низ гуфта буд, ки аз болои ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад. Созмонҳои байналмилалӣ раҳоии ӯро талаба карданд.

Ин бори аввал нест, ки хабари зери фишору шиканҷа эътироф кардани “гуноҳ” аз ҷониби боздоштшудаҳо дар расонаҳо нашр мешавад. Аз ҷумла, ҳафтаи пеш пайвандони рӯзноманигори дигари боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, ки ӯ зери фишору шиканҷа ба гуноҳ “эътироф” карда, вале тавассути вакили мудофеаш расондааст, ки гуноҳ надорад.

Инчунин дар гузашта даҳҳо навори шахсони боздоштшуда нашр шуда буд, ки мегуфтанд, “гунаҳкоранд” ва “шиканҷа нашудаанд”.

Дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои Тоҷикистон кормандони мақомот барои гирифтани “эътироф” аз шиканҷаву фишор истифода мебаранд, ки ин нигаронии пайвандони боздоштшудаҳоро ба бор овардааст. Бо вуҷуди шикояти пайвандон ба сохторҳои дахлдор, расонаӣ кардани он ва талаби созмонҳои байналмилалӣ барои решакан кардани шиканҷа, то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Дар бештари мавридҳо баъд аз расонаӣ кардан ва шикояти пайвандони боздоштшудаҳо, фишор болояшон бештар мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.