Варзиш

Оғози мусобиқаҳои куштии миллӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати фарорасии баҳор ва ҷашни Наврӯз Мақомоти давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи куштии миллӣ эълон карда аст.

Бино ба иттилои расмӣ, 20-уми марти соли 2023 бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи куштӣ баргузор мегардад.

Ин мусобиқаи умуминоҳиявии куштии миллӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов, деҳаи Аҷам (собиқ Қизилбайрақ)- и Шаҳринав гузаронида мешавад.

Кумитаи тадорукоти ин мусобиқот таъкид карда, ки ҳама "хоҳишмандон ва варзишгарон метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд."

Баргузории мусобиқоти куштии миллӣ дар рӯзҳои аввали баҳор ва бахусус дар рӯзҳои наврӯзӣ чанд даҳа ин ҷониб дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва бар иловаи масъулини шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ низ ба ин монанд мусобиқаҳо баргузор мешаванд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Варзиш

Дин

Ифтор дар варзишгоҳи Челси

#Тоҷикистон

Сафари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Иморот

Ҷомеа

Пирӯзии муштзанҳои тоҷик ба рақибони узбеки худ

#Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи куштии миллӣ дар шаҳри Ҳисор